Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
18 April 2018

Дар бораи ҷамъбасти натиҷаи озмунҳои шаҳрии «Беморхонаи сол – 2017», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию  санитарии сол - 2017», «Табиби сол - 2017», «Табиби оилавии сол - 2017» ва «Корманди миёнаи тибби сол - 2017»

Бо мақсади ҳавасмандгардонии моддӣ – маънавии кормандони соҳаи тандурустии шаҳр ва беҳтар намудани  хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолии шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»                       

                                ҚАРОР   МЕКУНАМ:

1.Протоколи замимагардидаи Кумитаи тадорукотӣ оид ба ҷамъбасти даври озмунҳои шаҳрии «Беморхонаи сол  - 2017», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол - 2017», «Табиби сол - 2017», «Табиби оилавии сол - 2017», «Корманди миёнаи тибби сол - 2017» аз 9 апрели соли 2018, №1 тасдиқ карда шавад.

2.Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе (Убайдзода М.) аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ 34000 сомонӣ тибқи ҳисобномаи замимагардида ба Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои сарфароз гардонидани ғолибони озмунҳои касбӣ  ҷудо намояд.

3. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

4. Раёсати иттилоотӣ ва робитаҳои хориҷии  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намояд.

5. Назорати иҷрои қарори  мазкур  ба  зиммаи  муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                                                          

Рустами Эмомалӣ