Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 April 2018

ш. Душанбе, 21.04.2018. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишӣ баргузор гардиданд.

Чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи пойтахт бо Ниммарафони IX-уми байналмилалии Душанбе оғоз гардид.

Иштирокчиёни чорабиниро Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода  шодбош гуфтанд.

Дар Ниммарафони IX-уми байналмилалии Душанбе 47 нафар варзишгарон аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Кения, Эфиопия, Нигерия, Афғонистон, Покистон, Малайзия, Федератсияи Россия, Олмон, Британияи Кабир, Шведсия, Швейтсария, Белгия, Ирландия, ИМА, Канада, Зеландияи Нав ва кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.

Ниммарафони байналмилалии Душанбе соати 9.00 тибқи хатсайри муқарраргардида аз назди Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ» оғоз гардида, тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то дарвозаи шимолии шаҳр ва хиёбони Рӯдакӣ то майдони "Дӯстӣ" - назди муҷассамаи Асосгузори нахустин давлати тоҷикон - Шоҳ Исмоили Сомонӣ тӯл кашида, 21 километру 97 метрро ташкил дод.

Барои ғолибони ҷойҳои якум то шашум миёни мардон ва занон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми аз 31150 то 13350 сомонӣ муқаррар гардида буд.

Дар ниммарафони IX байналмилалӣ дар сабқати мардон Тефера Гоза аз Эфиопия бо натиҷаи 1 соату 03 дақиқаю 3 сония мақоми аввалро касб кард. Маана Ретер Курушбу аз Кения (1:05,05) мақоми дувум ва Фенте Гирша аз Эфиопия (1:05,39) мақоми севумро соҳиб шуданд. Адилет Киштанбеков (Қирғизистон, 1:07,05) ҷойи чаҳорум, Иля Тапкин (Қирғизистон, 1:07,15) ҷойи панҷум ва Андрей Петров (Узбекистон, 1:08,27) ҷойи шашумро ишғол карданд.

Дар сабқати занон Даря Маслова аз Қирғизистон бо натиҷаи 1 соату 13 дақиқаю 38 сония мақоми аввалро касб намуд. Мария Хмелнитская (Узбекистон, 1:16,05) мақоми дувум ва Ситора Ҳамидова (Узбекистон, 1:14,19) мақоми севумро соҳиб шуданд. Александра Шафар (Украина, 1:17,53) ҷойи чаҳорум, Мария Коробитеная (Қирғизистон, 1:18,54) ҷойи панҷум ва Мурунги Бетти Касамбӣ (Кения, 1:20,55) ҷойи шашумро гирифтанд.

Ниммарафони IX байналмилалии Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиштарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта ташкил ва баргузор карда шуд.

Маврид ба зикри хос аст, ки Ниммарафони байналмилалии Душанбе нахустин мусобиқаи миллии кишвар мебошад, ки дар рӯйхати мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур ворид гардидааст.

Имрӯз ҳамчунин дар доираи чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе Фестивал-намоишгоҳи шашуми автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе» баргузор гардид.

Фестивал-намоишгоҳи шашуми автомобилҳои коллексионии «Авто-ретро Душанбе» бо мақсади дастгирӣ намудани ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ва эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида шуд.

Ҳамчунин рӯзи 21 апрели соли 2018  дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ гузаронида шуд. Дар мусоибқа аспҳои зоти тоҷикиву англисӣ аз ҷониби беҳтарин аспсаворон ва корхонаҳои асппарварии мамлакат ширкат варзиданд.

Мусобиқаи кушоди пойгаи аспдавонӣ бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, инчунин рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, фароҳам овардани имконоти фароғату истироҳати сокинони пойтахт, ташвиқу тарғиби пойгаи аспдавонӣ дар ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ таҳти унвони «Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе», ки дар Муассисаи давлатии «Аҳорун» баргузор гардид, фарҷомбахши чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе буд.

Дар оғоз муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода Паёми табрикии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба ифтихори Рӯзи пойтахт ба самъи ҳозирин расонданд. Дар паём Раиси шаҳр иштирокчиёни чорабинӣ ва дар симои онҳо  тамоми мардуми саодатманди шаҳри Душанберо ба ифтихори Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, таъкид доштанд, ки таҷлили Рӯзи пойтахт дар мамлакат аз таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба шаҳри Душанбе шаҳодат медиҳад.

Чорабинӣ бо барномаи рангини консертӣ идома ёфт, ки дар он санъаткорони маъруфи кишвар ва эҷодкорони ҷавон бо суруду таронаҳои дилнишин хотири ҳозиринро шод намуданд.

Дар доираи чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи пойтахт, имрӯз Ҳамчунин Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кормандони фаъоли Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои шаҳри Душанбе ва хонандагону донишҷӯёни болаёқати муассисаҳои таълимии умумӣ, миёна ва касбии шаҳр вохӯрӣ намуда, дар фазои тантанавӣ ба ғолибони озмунҳои соҳавӣ мукофот ва диплом, ба кормандони фаъоли Раёсатҳои истифодабарии роҳҳои шаҳр мукофот ва ба хонандагону донишҷӯёни фаъол стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои соли хониши 2017-2018-ро тақдим намуданд.

Чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва сайру гашти оммавии сокинон ба муносибати Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар боғҳои фарҳангию фароғатии чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе ташкил гардиданд.