Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 May 2018

Дар бораи дафн кардани марҳум Бозор Собир-шоири халқии Тоҷикистон 

Бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоён ва  гиромидошти хотираи шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» 

 

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1. Марҳум Бозор Собир -шоири халқии Тоҷикистон дар Оромгоҳи мемориалии Лучоби шаҳри Душанбе  дафн карда шавад.

2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимзода Т.К., директори Муассисаи давлатии «Раёсати оромгоҳҳо»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Маҷидов Р.Ҳ. ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани маросими дафни шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеъи муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе  Зувайдзода М.М.  гузошта шавад.


                                                                      Рустами   Эмомалӣ