Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 May 2018

Ба таваҷҷуҳи сокинони шаҳри Душанбе расонида мешавад, ки Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2» ва «Автобус-3» хоҳишмандонро ба вазифаи ронандагони автобусҳои шаҳрӣ даъват мекунанд.

Ронандагоне, ки дорои шаҳодатномаи ронандагии тахассуси дараҷаи «D» ва собиқаи кории на кам аз панҷ солро доранд, метавонанд, ҳуҷҷатҳои худро ба Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1», «Автобус-2» ва «Автобус-3» бо суроғаи кӯчаи "Варзишгарон" – 5, кӯчаи "Н.Ҳувайдуллоев" – 5 ва кӯчаи "С.Айнӣ" – 66 пешниҳод намоянд.

 

Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон»