Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 Май 2018

Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон - 23 май» таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат»

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, мусоидат ба раванди тарбияи ватанпарастӣ, дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ ва илмиву маърифатӣ таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»                                                                 

Қ А Р О Р  М Е К У Н А М:

 1. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон - 23 май» таҳти унвони «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.

2. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М., муовинони Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Назирмадзода Б., Саидзода Қ.Т., Ҷумазода Ф., Раҳимзода Т.К., роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н., раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе Табарзода Ҷ.А., Ҳакимзода Н.Ҳ., Самӣ Ш.Ҳ., Салимзода Н.Ф. ва роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани нақшаи чорабиниҳои мазкур тадбирҳо андешанд.

3. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ, риояи Маромномаи сокини пойтахт тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкур ва рафти татбиқи чорабиниҳоро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

                                                                               Рустами  Эмомалӣ