Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 May 2018

ш. Душанбе. 05.05.2018. Имрӯз ба муносибати 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоиста, ҷасорат ва корнамоию ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, маъюбони садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил, маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламравӣ давлатҳои дигар (Афғонистон) ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд ба 861 нафар кӯмаки моддии якдафъаина супорида шуд.

Кӯмак якдафъаинаи моддӣ дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тақдим гардида, дар ин робита аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 720 300 сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

Аз ҷумла, кӯмаки моддии якдафъаина ба 44 нафар иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва 1 нафар аз ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида маблағи 1500 сомонӣ ба ҳар нафар ва ба 34 нафар шахсони бо ордену медалҳои ҳарбӣ дар ақибгоҳ сарфарозгардонидашуда дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, 121 нафар маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), 173 нафар маъюбони садамаи нерӯгоҳи атомии Чернобил, 99 нафар шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар ақибгоҳ дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 кор кардаанд ва 389 оилае, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ба ҳар нафар маблағи 800 сомонӣ кӯмак тақдим карда шуд.

Кӯмаки якдафъаинаи модии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе зимни аёдати шахсӣ дар манзилҳои истиқоматиашон бо тантана супорида шуд.