Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 Май 2018

ш. Душанбе. 15.05.2018. Имрӯз дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск "Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва гуманитарӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Кумитаи иҷроияи шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2018-2019" ба имзо расид.

Ба санади нави ҳамкорӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва аз ҷониби Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск мири шаҳри Минск Андрей Шоретс имзо гузоштанд. 

Ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни шаҳри Душанбе ва шаҳри Минск аз солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар оғоз гардида, бо ба имзо расидани Созишномаи бародаршаҳрӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск дар таърихи 21 июли соли 1998 ба худ шаклу сифати навро касб карданд.

Санади навбатие, ки имрӯз дар ҳузури сарони Тоҷикистону Беларус – Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко ба имзо расид, дар рушду пешрафти минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ ва гуманитарӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни пойтахтҳои ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.