Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 Май 2018

 ш.Душанбе. 30.05.2018. Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтхат Маркази хизматрасонии техникӣ «Сити Сервис ЛТД» ба фаъолият оғоз кард.

ҶДММ «Сити Сервис ЛТД» бо мақсади пешниҳод намудани хизматрасонии кафолатӣ тибқи шартнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати туркии «Улашим» («Ulasim Ic Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi») оид ба харидорӣ намудани автобусҳои замонавии тамғаи «Акиа» таъсис дода шуда, фаъолияти он ба пешниҳоди хизматрасонии техникии воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва боркаш равона гардидааст.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти Маркази хизматрасонии техникӣ ба Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ иттилоъ дода шуд, ки тибқи шартнома ширкати мазкур дар давоми як сол бо дарназардошти муҳлати кафолатӣ ба автобусҳое, ки аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ширкати «Акиа» харидорӣ гардидаанд, хизматрасониро пешниҳод менамояд.

Бо ин мақсад ширкат дар якҷоягӣ бо ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» Корхонаи муштараки    «Сити Сервис ЛТД»-ро таъсис додааст.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба роҳбарияти ҶДММ «Сити Сервис ЛТД» дастур доданд, ки зимни фаъолияти марказ диққати махсус бояд ба роҳандозӣ намудани хизматрасонии мусоири ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ, аз ҷумла истифодаи техника ва технологияҳои мусоири соҳавӣ равона гардад.

Маврид ба зикр аст, ки ҳоло дар шаҳри Душанбе шумораи зиёди воситаҳои нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонӣ ҳаракат мекунанд ва дар сурати пайдо гардидани нуқсонҳои техникӣ баҳри саривақт бартарф намудани он, ё интиқоли воситаи нақлиёт ба таъмиргоҳ техникаҳои махсуси муҷаҳҳаз лозим меояд. 

Дар корхона ҳамзамон бригадаи сайёр ташкил карда шудааст, ки тавассути нақлиёти махсусгардонидашудаи муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии техникӣ ва ташхисӣ дар дилхоҳ вақт ва мавзеъ хизматрасонии сайёрро пешниҳод намуда, дар таъмин намудани фаъолияти мунтазами воситаҳои нақлиёти мусофирбари ҷамъиятии пойтахт  саҳми назаррас хоҳад гузошт.

Маркази хизматрасонии техникӣ бо тамоми дастгоҳу лавозимоти муосири техникӣ ва шароити хуби корӣ барои кормандон ташкил гардида, дар он 20 нафар мутахассисон барои ҳаллу фасли мушкилоти техникии воситаҳои нақлиёт бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Тибқи иттилоъи масъулин, ин танҳо оғози кор буда, дар оянда шумораи коргарон то 50 нафар расонида мешавад.

Дар маҷлисгоҳи марказ баҳри бозомӯзии кормандону мутахассисони корхона ва мубодилаи таҷрибаи байналмилалӣ шароити таълимӣ фароҳам оварда шуда, дар айни замон бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ кормандону муҳандисони марказ бо нозукиҳои ташхису танзими техникӣ шинос мешаванд.

Раиси шаҳри Душанбе бо рафти омӯзиш дар ин марказ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ба мутахассисон маслиҳат доданд, ки тамоми нозукиҳои техникии воситаҳои нақлиётро аз худ намоянд, то ба мизоҷон дар сатҳи баланд хизмат расонанд.

Аз ҷумлаи шароити дигари марказ барои кормандону мутахассосони марказ ошхонаи барҳаво бо 20 ҷойи нишаст дар як вақт ба шумор меравад.

Дар марказ бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ташхиси техникии автобусҳо анҷом дода шуда, дигар нуқсонҳои техникии онҳо низ бартараф карда мешаванд.

Бо таваҷҷуҳ ба ҳаракати доимии воситаҳои нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ дар шароити шаҳр, Раиси шаҳр таваҷҷуҳи масъулинро ба воридоти қисмҳои эҳтиётӣ, махсусан қисмҳои ҳаракатдиҳанда ва таваққуфӣ ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки танҳо дар сурати мавҷуд будани қисмҳои эҳтиётии зарурӣ мушкилоти техникӣ саривақт бартараф шуда, фаъолияти мунтазами нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ таъмин карда мешавад.

Дар баробари пешниҳоди хизматрасониҳои муосири техникӣ, ҳамчунин дар марказ мағозаи махсуси фармоишӣ барои дастрас намудани қисмҳои эҳтиётӣ ва дар ҳолати мавҷуд набудани ин ё он қисми эҳтиётӣ мағозаи электронӣ фаъол гардидааст.

Бо истифода аз чунин имконот мизоҷон метавонанд, дилхоҳ қисми эҳтиётиро аз хориҷи кишвар фармоиш дода, дар муҳлати кӯтоҳтарин дастрас намоянд.

Дар саҳни бинои марказ Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи масъулинро ба биноҳои ёрирасони ҳудуди он маътуф сохта,  дастур доданд, ки биноҳои боқимондаи худуди марказ низ таъмир гардида баҳри нигоҳдории воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ шароит фароҳам оварда шавад.

Ба фаъолият шурӯъ кардани ҶДММ «Сити Сервис Лтд» дар шаҳри Душанбе дар самти пешниҳод намудани хизматрасониҳои босифати техникӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ саҳифаи наве боз гардид.