Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 February 2011

14 феврали соли 2011 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи кории шаҳрдорӣ бо иштироки фаъолони пойтахт таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев доир гардид.

Дар ҷаласа қабл аз ҳама аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе фаъолияти навбатдории шабонарўзии шаҳрдорӣ ва телефонҳои боварӣ (221-26-95, 223-22-14) оид ба қабули муроҷиати сокинон нисбати хизматрасониҳои коммуналӣ аз тарафи сохторҳои муҳандисӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷиҳати пурсамарии кори навбатдорон, ки шабона зери роҳбарии муовинони масъули Раиси шаҳр ва мудирони шўъбаҳои дахлдори дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе таври доимӣ  сурат мегирад дастурҳои мушаххас ироа гардид.

            Ҳамзамон дар ҷаласа бо дахли дигар масоили ҳаёти хоҷагидории шаҳр ҷараёни татбиқи нақшаи ҷорабиниҳои ҳанўз аз 31 октябри соли 2008 дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе №553 «Дар бораи омодагӣ ба ҷашни 20-солагии истиқлолияти   давлатии  Ҷумҳурии   Тоҷикистон» тасдиқ гардида аз ҷониби масъулин дар таносуби чор ноҳияҳои шаҳр зимни гузориши роҳбарони комиссияҳои депутатӣ, ки дар ин самт санҷишҳои марбутаро анҷом додаанд,  ба риштаи таҳлил кашида шуд.

             Бо вуҷуди бо вусъат идома доштани  корҳои сохтмонӣ дар иншооти нақшавии ҷашнӣ, ки аз ҳисоби маблаѓҳои буҷетӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ то ба имрўз муттасил ба истифода дода шуда, дар маҷмўъ беш  аз 200 ададро ташкил медиҳанд ва иншооти азими он то моҳи сентябри соли 2011 мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд, Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати ташкили корҳои густурдаи таблиѓотӣ ва  сафарбарии потенсаили ҷамаотчигӣ дар шаҳраку маҳаллаҳо оид ба иштирок дар маъракаи 900- рўзи ободонӣ  изҳори нигаронӣ намуда, бо эълон доштани танбеҳ ба муовини соҳавии Раиси шаҳр Санавбар Раҳимова ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба мавсуф то 1 апрели соли 2011 мўҳлат мукаррар намуд.

              Инчунин Раиси шаҳр роҷеъ ба назорати аз рўи таъинот истифодашавии ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо ба масъулин дастурҳои мушаххас дода, масъалаи мутобиқ ба талаботи қонунгузории амалкунанда қонеъ намудани эҳтиёҷоти намозгузорон ва воқеияти зарурат ба бунёди масҷидҳои иловагӣ дар асоси Нақшаи генералии шаҳрро матраҳ сохта, сохторҳои марбутаи шаҳрдориро вазифадор кард, ки  дар мўҳлати як моҳ масъаларо амиқ таҳлилу пажўҳиш намуда, хулосаи асоснокро бобати тасмимгирии минбаъда унвонии роҳбарияти шаҳр ирсол доранд.