Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 Июнь 2018

ш.Душанбе. 04.06.2018  Имрӯз волидайни тифли 9 миллионаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзили истиқоматии нави худ омаданд.

Калиди хонаи нави сеҳуҷрагӣ ба волидайни тифли хуштолеъ дар асоси дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар фазои тантанавӣ дар таваллудхона тақдим гардида буд.

Тифли 9 миллионаи Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 06-30 дақиқаи субҳи 26 майи соли 2018 дар Муассисаи давлатии «Таваллудхонаи  №1-и шаҳри Душанбе» ба дунё омада, модари тифл сокини шаҳри Душанбе Назира Муллоҷонова мебошад.

Назира Муллоҷонова дорои маълумоти олӣ буда, дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вазифаи мутахассис фаъолият мекунад.

Фарзанди дуюми ӯ аҳолии  кишварро ба 9 миллион нафар расонид.

Назира Муллоҷонова ҳамроҳи ҳамсару тифли навзоди худ пас аз рухсат шудан аз таваллудхона, ба хонаи сеҳуҷрагии истиқоматии нав омаданд. Оилаи хуштолеъро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва наздикону пайвандон ҳамроҳӣ намуданд.

Дар робита ба ҷудо намудани хонаи сеҳуҷрагӣ дар маркази пойтахт аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ қарори дахлдор ба тасвиб расида, навхонадорон бо тамоми ашёи рӯзғор таъмин карда шуданд.

Хонаи истиқоматӣ барои волидайни тифли 9-миллионаи Тоҷикистон дар яке аз биноҳои истиқоматии навбунёди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, хонаи 130, ҳуҷраи 17 ҷудо карда шуд.

Волидайни тифл, ки имрӯз ба хонаи нави худ омаданд, ба Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ ва тӯҳфаи арзишманд арзи сипос намуданд.