Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 June 2018

ш.Душанбе, 19.06.2018. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ташвиқу тарғиб ва татбиқи пурсамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пеш аз ҳама амалӣ намудани таҷрибаи самарабахши пешгирии исрофкорӣ ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар ҷомеа конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Нақши Қонуни миллӣ дар таъмини адолати иҷтимоӣ ва солимгардонии фазои маънавӣ» доир гардид.

Дар кори конференсия намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, олимону мутахассисон, сохторҳои гуногуни ҷомеа иштирок намуданд.

Кори Конференсияро муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайваст, воқеан ҳам дар таърихи қонунгузории кишвар ҳодисаи бемислу хотирмон буда, иқдоми навбатии давлати соҳибистиқлол дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандию давлати ҳуқуқбунёд маҳсуб меёбад, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ ташкил медиҳанд.

Дар рафти Конференсия иштирокчиёни он дар мавзӯҳои мухталиф, аз ҷумла “Ҷойгоҳи анъанаву маросими миллӣ дар фазои маънавии ҷомеа”, “Қонуни миллӣ – эҳёи фарҳангӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ”, “Нақши рафтори виҷдонӣ дар татбиқи Қонуни миллӣ” ва “Қонуни миллӣ-кафолати зиндагии шоиста” ва ба ин монанд маърӯзаҳо намуда, мисолҳои ҳаётӣ оварданд.

Аз ҷониби маърӯзачиён зикр гардид, ки бо кабули Қонуни мазкур давлати мо ба танзими мухимтарин рукнҳои ҳаёти иҷтимоӣ, анъана ва маросими миллию фарҳангӣ рӯ оварда, барои мувофиқ намудани баргузории онҳо ба манфиати иқтисодӣ, устувории ҳаёти иҷтимоӣ ва химояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон амали бениҳоят хайреро анҷом дод.

Зикр шуд, ки Қонуни мазкур моҳиятан ба ислоҳи падидаҳои манфии иҷтимоӣ ва манфиати мардум равона гардидааст. Тавсеа ва устуворгардии ғояи қонуни мазкур ва бо чунин ҳадаф татбиқ ёфтани он аз донишу масъулият ва рафтори содиқонаву виҷдонии ҳар як фарди миллат, зиёиён, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, бахусус кормандони мақомоти масъул бастагии ҷиддӣ дорад.

Воқеан ҳам рисолати Қонуни мазкур ислоҳоти маънавӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ буда, дар зарфи ёздаҳ соли амалкарди худ дар ҳаёти сокинони ҷумҳурӣ таҳаввулоти фарҳангию иҷтимоӣ ба вуҷуд овард. 

Тибқи маълумоти оморӣ аз соли аввали қабули қонун, яъне аз моҳи июни соли 2007 то панҷ моҳи аввали соли 2018 дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз тарафи комиссияҳои доимӣ 14573 маъракаи хатнасур, 55927 тўйҳои домодию арўсӣ, 16281 маъракаи чил ва 13850 маъракаи сол ба қайд гирифта шудааст. Барои баргузории ин маъракаҳо 25040 чорвои калон ва 7462 чорвои хурд забҳ шуда, шумораи умумии маъракаҳо 100631 ададро ташкил медиҳад. Хароҷоти умумӣ ба ҳисоби миёна аз шумораи маъракаҳои баргузоршуда, зиёда аз 310 миллиону 110 ҳазору 245 сомониро дар бар мегирад. 

Дар давоми ёздаҳ соли сипаригардида, 410 адад тўйҳои домодию арўсии хайриявӣ ва 6347 адад хатнасурҳои хайриявӣ баргузор карда шудааст. Ҳангоми назорат аз рафти баргузории маъракаву маросимҳои шаҳрвандон аз ҷониби масъулини соҳа 663 ҳолати вайрон намудани қонун ошкор гардидааст.

Маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар бахши танзими анъана ва ҷашну маросим боис гардид, ки хароҷоти зиёдатӣ дар зарфи 11 соли амалкарди Қонуни миллӣ пешгирӣ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон ҳимоя карда шавад. 

Дар фарҷоми Конференсия миёни маърӯзачиён ва иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифт.