Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
25 July 2018

Дар бораи омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудани мавсими даъвати  тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1991-2000 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2018

 Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ, муташаккилона баргузор намудани мавсими даъвати тирамоҳии соли 2018 тибқи банди 5 Низомномаи мақомоти маҳаллии идоракунии ҳарбӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2000, №201 тасдиқ шудааст, дар асоси моддаҳои 19 ва 20 Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ»             

                                   ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Нақшаи чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудани мавсими даъвати навбатии тирамоҳии  шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1991-2000 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2018 тибқи замима  тасдиқ карда шавад.

2. Муовини раиси шари Душанбе Муинӣ М.М., роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н., раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе Самӣ Ш.Ҳ., Салимзода Н.Ф., Табарзода  Ҷ.А., Ҳакимзода Н.Ҳ., воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор иҷрои саривақтии нақшаи мазкурро таъмин намоянд.

3. Раисони ноҳияҳо, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе  ва комиссари ҳарбии шаҳри Душанбе:

- омӯзиши шаҳрвандони сину соли даъватиро ба роҳ монда, шумораи дақиқи даъватшавандагонро муайян намоянд;

- ҷиҳати ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудани даъватшавандагони пешбинишуда, то санаи 1 октябри соли 2018 барои гузаштани муоинаи пешакии тиббӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои  хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» муҳтавои қарори мазкур ва рафти иҷрои нақшаи ҷорабиниҳоро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти  соҳа вогузор карда шавад.

 

                                                                               Рустами   Эмомалӣ