Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 Август 2018

Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ аз Истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ»                                          

 

Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ дар иншооти  сохтмони марҳилаи дуюми обполакҳои зудамали регӣ дар Истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ», барои пайваст намудани қубури  қутраш 800мм-и аз зери сохтмон кучонидашуда, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»                                                                    

                                       ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1. Нақшаи чорабиниҳои замимагардидаи Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе», Шӯъбаи идоракунии лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе  ва Ширкати Файфери Олмон барои муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ аз Истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ» тасдиқ карда шавад.

2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди;

-ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ;

-ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77;

-ноҳияи Сино, маҳаллаҳои  10-15, 15А, 31, 82, 91, 92, 101, 102, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти нав, Қарамиршикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдам;

-ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, маҳаллаҳои 23, 24, Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли  барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе аз соати 22:00 рӯзи 08 то соати 22-00 рӯзи 09 августи соли 2018 қатъ мегардад.

3. Раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

4. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси  қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6. Назорати иҷрои  қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе  Зувайдзода М.М. гузошта шавад.

 

   Рустами   Эмомалӣ