Кохи парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҷлиси Олӣ дар майдони «Дӯстӣ», дар маркази шаҳр ҷойгир аст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 February 2011

28 феврали соли 2011 дар толори КВД «Маркази равобити пойтахт» ҷаласаи навбатии шаҳрдории Душанбе бо иштироки фаъолони шаҳр, масъулини соҳаҳои шаҳрдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раисони шўрои шаҳраку маҳаллаҳо ва роҳбарони ширкатҳои соҳибмулкони манзил, ки аз инститтҳои рушдкардаи шаҳр маҳсуб меёбанд, таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев доир гардид.

Қабл аз ҳама дар ҷаласа ҳамчун масоили  нақшавии шаҳрдорӣ вазъи ғановати бозори истеъмолӣ ва пешниҳоди маҳсулоти ниёзи аввалия бо нархҳои дастрас ба истеъмолкунандагон дар асоси супоришоти қаблии Раиси шаҳри Душанбе бо назардошти санҷишу таҳлилҳои анҷомдодаи масъулини сохторҳои дахлдор - мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ ва комиссияҳои доимоамалкунандаи демпутативу ҷамъиятӣ баррасӣ карда шуд.

Бо хулоса аз таҳлилҳои воқеии дар бозори истеъмолии шаҳр аз ҷониби масъулин сурат гирифта, дастур гардид гардид, ки ҷиҳати  пешгирӣ аз фаъолияти монополистии субъектҳои хизматрасон тадбирҳои аввалиндараҷа, ки аллакай натиҷаҳои назаррас барои дастгирии истеъмолкунандагон самар медиҳанд, таври доимӣ андешида шаванд то дар ин самти ҳаёти хоҷагидории пойтахт низоми аз муқаррароти қонунгузорӣ маншагиранда  ҷорӣ бошад.

Зимнан дастур гашт, ки дар доираи ҳамкориҳои иҷтимоӣ потенсиали аз ҷониби роҳбарони бозорҳои дар шаҳр новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ сафарбаргардида оид ба аз ҳисоби захираҳои дохилии бозорҳо баҳри коҳиш додани нархи маҳсулоти ниёзи аввалиндараҷа пазируфта ва дар ин ҷода ибтикороти ҳар кадоме баҳри роҳандозии барномаҳои шаҳрдорӣ ҷонибдорӣ карда шавад.

Ҳамзамон комиссияҳои марбутаи шаҳрии депутатӣ ва ҷамъиятӣ муваззаф карда шуданд, ки фаъолияти худро таври мудовим идома дода, фаъолияти бозорҳои коммуналии шаҳр зери назорату сарпарастии «Шоҳмансур»- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба шаҳри Душанбе, «Саховат» - Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, «Деҳқон» - Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ оид ба  шаҳри Душанбе, «Қарияи Боло» - прокуратураи шаҳри Душанбе ва бозорҳои хусусӣ зери масъулияти раисони ноҳияҳои шаҳр таври доимӣ қарор дода шавад.

Дар ҷаласа инчунин масъалаи ҳолати риояи регламенти шаҳр ва соатҳои фаъолияти марказҳои хизматрасонӣ ва фарҳангию фароғатӣ матраҳ гардида, ба Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дастур гашт, ки оид ба риояи ҳатмии регламенти шаҳр аз ҷониби дилхоҳ субъектҳи хоҷагидорӣ чораҳои қатъӣ андешида шавад. Дар ин зимн ба сохторҳои дахлдор супориш гардид, ки ҳолати гардиши ғайриқонунунии маводи мухаддир ва таблеткаҳои синтетикии дар таркибашон дорои маводи мадҳушкунандаро  дар марзи шаҳри Душанбе зери назорати қатъӣ қарор дода, нисбати шахсон ва муассисаҳои ба он мусоидаткунанда тадбирҳои сахттарини пешбининамудаи қонунгузориро роҳандозӣ намоянд.

Ҳамзамон Маҳмадсаид Убайдуллоев нисбати талаботи татбиқи марҳилавии Нақшаи генералии шаҳр  оид ба рушди меъморию ободонии Душанбе масъалаҳои мубрамро бори дигар матраҳ намуда, дар ин зимн бо изҳори миннатдории Роҳбарияти шаҳр ба ҳар як 227 соҳибмулкони манзилашон бартарафшуда дар маҳаллаи Тахмос, ки дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷараёни ободонии шаҳр саҳм гузоштанд, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе  Н. Хайруллоев ва раисони ноҳияҳои пойтахтро вазифадор намуд, ки аз вазъи будубоши оилаҳои мазкур дар биноҳои нави истиқоматӣ ва дастрасиашон ба хизматрасониҳои коммуналӣ, пеш аз ҳама оби нўшокӣ, фаъолияти мунтазами лифт,  барқ ва нақлиётӣ ҷамъиятӣ шахсан бохабар шуда, дар сурати ҷой доштани  камбудиҳо ҷиҳати рафъашон чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Дар робита ба ин таъкид сохт, ки шаҳрдорӣ ба ҳеҷ ваҷҳ нахоҳад гузошт, ки ҳуқуқҳои соҳибмулкон дар ҷараёни татбиқи Нақшаи генералӣ поймол гарданд ва танҳо дар доираи талаботи қонунгузорӣ амалкарди мазкур анҷом дода хоҳад шуд.

Дар ҷаласа инчунин масоили омодагиҳои аҳли ҷамоатчигӣ ва тақвияти корҳои таблиғотии шаҳрдорӣ оид ба истиқболи ҷашнҳои бузургӣ миллӣ дар шаҳри Душанбе : Наврўзи байналмилалӣ, Рўзи ваҳдати миллӣ,  20-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва маъракахои ниҳолшинонию кабудизоркунӣ, хизматрасониҳои коммуналию фарҳангӣ дар сатҳи зарурӣ баррасӣ карда шуда, ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас бо мўҳлати иҷрои корҳо  ироа карда шуд.