Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
31 August 2018

Дар бораи ҷудо намудани маблағ

Бо мақсади таҷлили ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, ки дар ободонии пойтахт саҳми арзанда мегузоранд, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаҳои 8 ва 9  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ветеранҳо»                                                                                   

                                             ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе (Шоҳмансур - Ҳакимзода Н., Исмоили Сомонӣ - Самӣ Ш., Фирдавсӣ - Табарзода Ҷ., Сино -Салимзода Н.) дар таҷлили ҷашни 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби сарпарастон, фондҳои хайрия ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ, дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, расонидани кумаки моддӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ва шахсони яккаву танҳо мусоидат намоянд.

2. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе маблағи 4 895 300 (чор миллиону ҳаштсаду наваду панҷ ҳазору сесад) сомонӣ ҷиҳати расонидани кумаки моддӣ, аз ҷумла 245 300 (дусаду чилу панҷ ҳазору сесад) сомонӣ ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда мутобиқи замимаи №1 ва маблағи 4 650 000  (чор миллиону шашсаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ ба кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе мутобиқи замимаи №2  ҷудо намояд.

3. Тақсимот ва супоридани маблағҳои аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар банди 2 ҳамин қарор зикршуда тавассути бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои шаҳр то 6 сентябри соли равон тариқи зайл ба роҳ монда шавад:

- ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда аз ҷониби муовинони Раиси шаҳри Душанбе (ноҳияҳои Шоҳмансур - Ҷумазода Ф., Исмоили Сомонӣ - Раҳимзода Т., Фирдавсӣ - Саидзода Ф., Сино - Назирмадзода Б.) бо иштироки намояндагони мақомотҳои молияи шаҳри Душанбе ва кормандони раёсатҳои Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо аёдати шахсӣ дар манзили истиқоматии онҳо; 

- ба кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби  муовинони Раиси шаҳри Душанбе (ноҳияҳои Шоҳмансур - Ҷумазода Ф., Исмоили Сомонӣ - Раҳимзода Т., Фирдавсӣ - Саидзода Ф., Сино - Назирмадзода Б.) бо иштироки намояндагони мақомотҳои молияи шаҳри Душанбе.

4. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе  истифодаи мақсаднок ва пардохти саривақтии маблағҳои ҷудошударо бо тартиби муқарраргардида таъмин созад.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

6. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

                                                                        Рустами Эмомалӣ