Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 September 2018

Дар бораи номгузорӣ намудани гулгашти кӯчаи Ф.Муҳаммадиеви ноҳияи Сино ва табдил додани он ба «Боғи фарҳангу фароғатии Восеъ»                                                                               

Бо мақсади ободонӣ ва боз ҳам зебову ҷолиб гардонидани симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2017, №212 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 779 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР   МЕКУНАМ:

1. Гулгашти кӯчаи Ф.Муҳаммадиеви ноҳияи Сино дар қитъаи замини масоҳаташ 3,20 гектар ба «Боғи фарҳангу фароғатии Восеъ» номгузорӣ карда шавад.

2. Боғи фарҳангу фароғатии Восеъ дар масоҳати 3,20 гектар ба мувозинати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гузаронида шавад.

3. Муовини Раиси шаҳри Душанбе-сарпарасти соҳа ва раиси ноҳияи Сино якҷо бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи боғи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти  соҳа гузошта шавад.

 

 

                                                                            Рустами   Эмомалӣ