Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 September 2018

Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991-2000 ба хизмати ҳарбӣ

Бо мақсади татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2018, №1095 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқаррар-гардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991-2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 23 ва 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа»    

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 

1.  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 августи соли 2018, №1095 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1991-2000 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» мавриди иҷро қарор дода шавад.

2. Ба инобат гирифта шавад, ки тибқи Фармони мазкур моҳҳои октябр-ноябри соли 2018 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синну соли калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

3. Комиссияи даъвати ҳарбии шаҳри Душанбе тибқи   рӯйхати замимашуда таъсис дода шавад ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе вазифадор карда шаванд, ки комиссияҳои ноҳиявиро  таъсис диҳанд.

4. Комиссариатҳои ҳарбӣ ва раисони комиссияҳои даъвати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъиноти махсус, бо дарназардошти хусусияти хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд.

5. Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба комиссияҳои даъват духтурони ботаҷриба ва дигар кормандони соҳаи тиб, ки малакаи амалии кор дар комиссияро доранд, сафарбар карда, онҳоро бо воситаҳои лозимӣ ва ҳангоми зарурат бо мошинҳои ёрии таъҷилӣ таъмин намояд.

6. Шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раёсатҳои кор бо занон ва оила, фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе миёни сокинон ва ҷавонони синни даъватӣ хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ташвиқу тарғиб  намоянд.

7. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе (Самӣ Ш.Х., Салимзода Н.Ф., Ҳакимзода Н.Ҳ. ва Табарзода Ҷ.А.):

- ба ихтиёри комиссариатҳои ҳарбӣ аз корхона, муассиса ва ташкилотҳо 10 (даҳ) нафарӣ кормандони техникиро сафарбар намоянд;

- доир ба ташкил ва баргузории чорабиниҳои «Рӯзи даъватшаванда», тарғибу ташвиқи хизмати ҳарбӣ ва муқаррароти конститутсионӣ дар бораи вазифаҳои муқаддаси шаҳрванд оид ба ҳифзи Ватан тадбирҳо андешанд;

- ба таври тантанавӣ гусел намудани даъватшавандагон ба қисмҳои ҳарбӣ ва муташаккилона пешвоз гирифтани хизматчиёни ҳарбиеро, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, ба роҳ монанд;

- ҳар даҳрӯза аз натиҷаи корҳои иҷрошуда ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ахбороти хаттӣ пешниҳод намоянд.

8. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, роҳбарони корхона, муассиса ва ташкилотҳо барои дар нуқтаи ҷамъшавии даъватшавандагон дар давраи даъвати шаҳрвандон ва гусели онҳо ба қисмҳои ҳарбӣ мувофиқи дархостҳо нақлиёти автомобилиро ҷудо намоянд.

9. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе пардохти саривақтии хароҷоти нақлиёт ҷиҳати таҳвили даъватшавандагон ва дигар хароҷотро тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.

10. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои он дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе:

- ба комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳозиршавии даъватшавандагон ба нуқтаҳои  даъватӣ ҳамаҷониба мусоидат намоянд;

- миёни нафарони синни даъватӣ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намуда, ҳозиршавии онҳоро таъмин намоянд;

- тартиботи ҷамъиятиро дар рӯзҳои даъват ва гусели даъватшавандагон ба қисмҳои ҳарбӣ таъмин карда, бо ин мақсад шумораи лозимии кормандонро мутобиқи дархости комиссариатҳои ҳарбӣ таъмин намоянд.

11. Комиссари ҳарбии шаҳри Душанбе ҳар даҳрӯза дар бораи раванди даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ва то                 5 декабри соли 2018 натиҷаи ҷамъбасти онро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ахборот пешниҳод намояд.

12. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» муҳтавои қарори мазкур ва раванди маъракаи даъвати ҳарбиро тариқи васоити ахбори омма васеъ инъикос намоянд.

13. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Назирмадзода Б. гузошта шавад.

                                                                                                                                                                                                                                         Рустами  Эмомалӣ