Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 September 2018

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони  шаҳри Душанбе мерасонад, ки бинобар гузаронидани корҳои таъмирию азнавсозӣ дар   хиёбони Н.Махсум, аз буриши кӯчаи Ф.Муҳаммадиев то дарвозаи ғарбӣ (шоҳроҳи Ҳисор), шурӯъ аз 27 сентябри соли 2018 ҳаракати дутарафаи воситаҳои нақлиёт дар қисми рости хиёбон ба роҳ монда шуда, ба фаъолияти  хатсайрҳои автобусии №№8, 22, 28 ва микроавтобусҳои рақамҳои №№42, 46, 48 ва 35 тағйиротҳои дахлдор ворид карда  мешаванд.

Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки  ҳаракатро тибқи аломатҳои роҳ таъмин намоянд.