Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 October 2018

ш. Душанбе, 04.10.2018: Имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ таҳти унвони «Умри миллат аз умри забон вобаста аст» баргузор гардид.

Дар ҳамоиш роҳбарият ва кормандони муассисаву сохторҳои тобеъи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, олимону коршиносони соҳаи забон, шоирону нависандагон, аз ҷумла Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода, муовини Раиси Шӯрои Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, шоираи ҷавон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Рудоба Мустаҷобова ва шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рудакӣ Аскар Ҳаким, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Маҷлиси тантанавӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ бо сухани ифтитоҳии муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ оғоз гардида, паёми табрикотии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳозирин, ва дар симои онҳо ба тамоми сокинони пойтахт ва кишвари азизамон қироат карда шуд.

Аз чумла гуфта шуд, ки ин санаи пурифтихор аз самараҳои неки даврони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор рафта, соли 2009 бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба феҳристи ҷашнҳои кишварамон ворид шуд ва ҳамасола 5-уми октябр дар саросари мамалкат дар рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои фарҳанги миллӣ ва арҷ гузоштан ба ҳама муқаддасот ба таври васеъ таҷлил мегардад. 

Иштирокчиёни ҳамоиш иброз доштанд, ки рушди забони давлатӣ дар замони муосир, бо инобати таҳаввулоти ҷаҳон аз вазифаҳои муҳимтарини на танҳо давлат, балки ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад. Таъкид гардид, ки арҷ гузоштан ба забони давлатӣ ва риояи меъёрҳои он барои густариши балоғат ва фасоҳати забон тамоми шароитро фароҳам месозад ва сохтори онро такмил намуда, инкишофи бонизоми он таъмин карда мешавад.

Дар ҷаласаи тантанавӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин гуфта шуд, ки забони ноби тоҷикӣ дар ҳама даврони таърихи тӯлонии халқамон нишонаи гӯёи ҳастии мо ва омили муҳимтарини ҳифзи мероси камназиру гаронмояи аҷдоди некному хирадмандамон будааст ва имрӯз ҳифзу гиромидошти он эҳтиромгузорӣ ба гузашта, имрӯз ва фардои миллату давлати тоҷикон мебошад.

Иштирокчиёни ҷамъомад доир ба ҷанбаҳои дигари забони давлатӣ ибрози андеша карданд.