Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
10 March 2011

 Шаҳрдории Душанбе дар доираи татбиқи барномаҳои экологии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва тақвияти корҳои  ободонию омодагӣ ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар пойтахт ва истиқболи сазовори Наврӯзи байналмилалӣ  ташаббуси Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТТ мобайл»-ро бобати доир намудани аксияи «Шанбегии сабз» ҷонибдорӣ намуд.

Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №146 аз 4 марти соли 2011 Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «ТТ мобайл» дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳрию ноҳиявӣ 12 марти соли 2011 дар ҳудуди боѓи ба номи Мироненкои ноҳияи Сино аксияи «Шанбегии сабз»-ро бо иштироки кормандони ҷамъият баргузор менамояд.

Дар робита ба ин сокинон - табиатдӯстони шаҳри Душанбе имкон доранд дар чорабинии мазкур фаъолона ширкат варзида, саҳми худро дар мақсаднок роҳандозӣ гардидани аксияи «Шанбегии сабз» гузоранд.