Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 Октябрь 2018

ш.Душанбе. 08.10.2018.  Президенти Конфедератсияи футболи Осиё Шайх Салмон бин Иброҳим Алхалифа ба президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ номаи табрикотии худро ҷиҳати   роҳхат гирифтани дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба бозиҳои финалии Чемпионати ҷаҳон-2019 дар Перу ирсол намуд.

         

Дар нома, аз ҷумла омадааст: «Президенти муҳтарам! Ман сидқан Шумо ва Федератсияи футболи Тоҷикистонро барои ба бозии ниҳоии Чемпионати Осиё-2018 баромадани дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон, ки дар Куала-Лумпур ба анҷом расид, табрику таҳният мегӯям.

Ин муборакбодиро ба ҳайати дастаи мунтахаб таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов, ки зимни вохӯриҳо аз оғоз то ба анҷом бозии зебою фавқулода нишон дода, ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон роҳхат гирифтанд, расонед.

Оилаи футболи Осиё ба дастаи мунтахаби шумо дар Чемпионати ҷаҳони соли 2019 дар Перу натиҷаҳои беҳтарин орзу менамояд ва ман интизори дидори шумо дар Конгресси 28-уми КФО, ки охири ин моҳ дар Куала –Лумпур баргузор мегардад, ҳастам.

Бо эҳтиром ва орзуҳои нек, президенти КФО Шайх Салмон бин Иброҳим Алхалифа».