Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 October 2018

 ш.Душанбе. 20.10.2018.  Аз 17 то 20 октябри соли 2018 бо мақсади рушду пешрафт, густаришу тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои судманд дар доираи муносибатҳои бародаршаҳрӣ Рӯзҳои шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд.

Ҳайати бонуфузи шаҳри Санкт-Петербург иборат аз 25 нафар намояндагони илму фарҳанг, омӯзгорону табибон, коршиносону мутахассисони ботаҷрибаи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии Ҳукумати Санкт-Петербург Дмитрий Чернейко рӯзи 17-уми октябр ба Душанбе ташриф овард.

Ба барномаи сафари меҳмонон мулоқоту вохӯриҳо дар сатҳи баланд, мизҳои мудаввар дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғлӣ аҳолӣ,  машварати табибони Санкт-Петербург барои аҳолии шаҳри Душанбе, табодули таҷриба дар соҳаи тандурустӣ,  дарсҳои ихтисосӣ  оид ба овозхонӣ ва навозиши асбобҳои мусиқӣ, маърӯза-семинарҳо барои омӯзгорони забон ва адабиёти рус, барноми фарҳангии ҳунармандони театри давлатӣ-академии  «Мариин» ва дигар чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ шомил шуда буд.

Дар рӯзи аввали ташрифи худ, меҳмонон аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №92-и шаҳри Душанбе дидан намуда, бо хонандагону омӯзгорони ин даргоҳи таълимӣ аз наздик мулоқот намуда, ба масъалаи забономӯзии муҳассилин таваҷчуҳи хос зоҳир намуданд. Меҳмононро намояндагони Сарраёсати маориф ва дигар сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ намуданд.

Пас аз тамошои барномаи фарҳангӣ ва маҳфили шеъру тарона, ки аз ҷониби хонандагон омода ва пешниҳод гардид, меҳмонон ба сатҳи дониши забони русии хонандагон баҳои баланд дода, ба ин муассисаи таълимӣ адабиёти тозанашрро бо забони русӣ   тақдим карданд.

Рӯзи 18 октябри соли 2018 дар доираи ташрифи худ ба шаҳри Душанбе, иштирокчиёни ҳайати Санкт-Петербург таҳти роҳбарии Чернейко Дмитрий Семенович бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои волои миллати бостонию тамаддунофари тоҷик бо арзи эҳтиром дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.

Дар ин маросим ҳайати Санкт-Петербургро муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамроҳӣ карданд.

Иштирокчиёни Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе бо мақсади  гиромидошти хотири сарбозону афсароне, ки дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон ҷоннисориҳо намудаанд, дар маҷмааи ёдгории «Гулхани абадӣ»-и Муассисаи давлатии «Боғи Ғалаба» ва нигоҳдории ҷангал»-и шаҳри Душанбе, гулчанбар гузошта,  бо дақиқае хомӯшӣ хотири онҳоро пос доштанд.

Дар доираи Рӯзҳои Санкт-Петербург дар шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» мулоқоти хосаи ҳайати шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода бо ҳайати Санкт-Петербург таҳти сарварии Раиси Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии Санкт-Петербург Дмитрий   Чернейко доир гардид.

Дар мулоқот масоили вобаста ба рушду густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба миёни шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Рооссия ва шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, саноат, тандурустӣ, маориф, фарҳанг, меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ, инчунин дигар соҳаҳои мутақобилан судманд дар чаҳорчӯбаи муносибатҳои бародаршаҳрӣ мавриди гуфтугӯи ҷиддӣ қарор гирифт.

Гуфта шуд, ки ташрифи ҳайати бонуфузи Санкт-Петербург ба шаҳри Душанбе ва чорабииҳое, ки дар ин самт баргузор мегарданд, бешубҳа самараи нек ба бор оварда, ба сатҳу сифати муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди дуҷониба миёни Душанбе ва Санкт-Петербург таъсири мусбат хоҳад гузошт.

18-уми октябр дар толори Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» маросими ботантанаи ифтитоҳи Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе баргузор гардид.

Дар ҷамъомад ҳайати шаҳри Санкт-Петербург, кормандони дастгоҳи Раиси шаҳр ва сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ,олимону коршиносон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Чорабиниро бо сухани муқаддамотӣ муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ифтитоҳ намуда, меҳмононро аз номи роҳбарияти  шаҳрдорӣ хайрамақдам гуфтанд.

Зимни чорабинӣ зикр гардид, ки имрӯз Душанбе ва Санкт-Петербург дар заминаи муносибатҳои бародаршаҳрӣ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму маориф, фарҳанг ва ғайра  ба роҳ мондаанд.

Таъкид гардид, ки дар расидан ба чунин натиҷаҳои назаррас дар муносибатҳои дуҷониба нақши роҳбарони олии Тоҷикистону  Федератсия Россия басо муҳим мебошад.

Дар ҷамъомад ҳамчунин имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Душанбе ва Санкт-Петербург дар шакли рӯйнамо муаррифӣ гардида, миёни иштирокчиён музокироти судманд сурат гирифт.

Дар доираи Рӯзҳои Санкт-Петербург коршиносону мутиахассисони ҳар ду ҷониб мавзӯъоти марбут ба Мубодилаи таҷриба дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро мавриди баррасии амиқ қарор доданд.

Дар мизи мудаввар, ки бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург ва масъулини сохторҳои марбутаи ҳар ду шаҳр  баргузор гардид, масъалаҳои умдаи марбут ба меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқи манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои боз ҳам беҳтару хубтар намудани шароити зисту зиндагонӣ ва кору фаъолияти онҳо дар Санкт-Петербург муҳокима шуданд.

Дар доираи ин чорабинии муҳими бародаршаҳрӣ дар Душанбе вохӯрии ҳайати меҳмонон бо роҳбарияти  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мулоқот бештар масъалаҳои вобаста ба қабули муҳоҷирони меҳнатӣ, таъмини шароити зарурии кору фаъолият барои онҳо, соддагардонии ҳуҷҷатгузорӣ дар доираи созишномаву барномаҳои мавҷуда баррасӣ гардиданд.

Омӯзиши қонунгузорӣ ва муқаррароти санадҳои меъёриву ҳуқуқии ҳарду кишвар аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ ба манфиати ҳар ду тараф маънидод карда шуд.

Дар доираи сафар намояндагони шаҳри Санкт-Петербург аз Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дидан намуда, бо  шароит таълиму тадрис ва асбобҳои аёнӣ шинос шуданд.

Шоми рӯзи 18 октябр дар толори Театри давлатии академии опреа ва балети ба номи Садриддин Айнӣ барномаи фарҳангии аҳли ҳунари театри Мариин баргузор гардид.

Ҳунармандони маъруфи рус Юлия Сулаймонова ва Андрей Серов дар ҳамоҳангӣ бо оркестри симфонии Театри давлатии академии опера ва балети  ба номи С.Айнӣ бо ҳунарнамоии худ хотири ҳозиринро болида намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҳошияи чорабиниҳои асосии Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе табибони соҳаҳои гуногуни тибби Санкт-Петербург ба аҳолии шаҳри Душанбе кӯмаки тиббӣ расонда, бо ҳамкасбони душанбегии худ мубодилаи таҷриба намуданд. Мутахассисони варзидаи соҳаҳои фарҳанги Санкт-Петербург оид ба овозхонӣ ва навозиши асбобҳои мусиқӣ барои тарбиятгирандагони мактабҳои мусиқии шаҳри Душанбе дарсҳои ихтисосӣ ташкил намуда, коршиносони ботаҷрибаи соҳаи педагогика бошанд, барои омӯзгорони адабиёт ва забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ   лексия-семинарҳо гузарониданд. Намояндагони  Муассисаи давлатии автономии «Маркази захираҳои меҳнатӣ»-и Санкт-Петербург ба ҷараёни тайёр кардани кадрҳои коргарӣ дар коллеҷҳо ва омӯзишгоҳҳои касбии шаҳр мароқ зоҳир намуданд.  

Дар доираи ташриф ба шаҳри Душанбе, меҳмонон ҳамчунин  19 октябри соли 2018 бо шароити хизмат ва будубоши сарбозону афсарони Дивизияи 201 низомии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзеъҳои ҷолибу зебоманзари пойтахт шинос шуданд.

Бо ҳамин Рӯзҳои Санкт-Петербург дар Душанбе, ки ба иди ҳақиқии дӯстӣ, якдилӣ ва якдигарфаҳмии комил табдил ёфт, ба итмом расид.