Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
9 Ноябрь 2018

Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2019-2021 дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ҷиҳати таҷлили ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП-1059, мутобиқи талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»                                                                                        

                                 ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

1.      Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2019-2021 дар шаҳри Душанбе, мутобиқи замимаҳои 1, 2, 3 ва 4 тасдиқ карда шавад.

2.      Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳоро дар муҳлатҳои муайяншуда таъмин намуда, ҳар семоҳа аз натиҷаи корҳои иҷрошуда ахборот манзур намоянд.

3. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеъи муҳтавои қарори мазкур ва рафти иҷрои онро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе вогузор карда шавад.

 

                                                                              Рустами  Эмомалӣ