Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 November 2018

ш.Душанбе, 15.11.2018.   Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Душанбе-Плаза” ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ дар мавзӯи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонбунёдгузори давлати миллии тоҷикон ва эҳёгари Роғун» доир гардид.  

Дар ҷамъомад роҳбарият ва кормандони сохторҳои тобеъи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгоҳи Раиси шаҳр, олимону донишмандон, адибону шоирон, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода бо сухани муқаддимавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла иброз дошт, ки бо назардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ибтидо аз соли 2016 санаи 16 ноябр ҳамчун рӯзи “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷлил карда мешавад.

Таъкид гардид, ки аз рӯзи ба даст гирифтани ихтиёри давлатдорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути хизматҳои фидокоронаи худ баҳри наҷоти миллату давлати тоҷикон камар баста, дар баробари хомӯш намудани оташи ҷанги дохилӣ  барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуданд ва заминаи сулҳи миллиро матраҳ карда, гурезаҳову муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардониданд, ва дар эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон заминаи устувор гузоштанд. Тавассути хизматҳои шоиста дар назди халқу ватан сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро, барқарор сохта, артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадро таъсис доданд. Фароҳам гардидани чунин шароит барои гузаштани кишвар ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузошт.

Ба Рӯзи Президент рост омадани санаи ба кор андохтани аввалин агрегати Неругоҳи Барқи Обии «Роғун» басо рамзӣ маънидод гардида, аз ҷумла таъкид гардид, ки “сохтмони ин иншооти ҳаётан муҳим ва тақдирсози миллати тоҷик маҳз бар ивази талошҳо ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардид ва агрегати аввали он дар арафаи ба истифодадиҳӣ қарор дорад.

Неругоҳи барқи обии «Роғун»  барои халқи тоҷик иншооти бағоят муҳим буда, сохтмони он,  воқеан ҳам масъалаи нангу номуси миллист. Президент бо қотеият, қаҳрамонона, ба мушкилиҳо нигоҳ накарда, бо иродаи матин сохтмони «Роғун»-ро ба марҳилаи оғози тавлиди нерӯи барқ расонданд ва онро то ба охир хоҳанд расонд”.

«Роғун»- ин нишондиҳандаи иродаи матин, мушкилнописандӣ ва садоқати Пешвои миллат ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва некӯаҳволии мардуми он мебошад.

Бо дар назардошти ин ва дигар хизматҳои сершумори таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтидо аз соли 2016 инҷониб рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Иштирокдорон иброз доштанд, ки хизматҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо дар масоили дохилӣ балки дар масъалаҳои аҳамияти байналмилалӣ низ бузург мебошанд. Маҳз тавассути ба роҳ мондани сиёсати бобарор ва башардӯстона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки обрӯ ва эътибори кишварро дар арсаи байналмилалӣ боло бардошта, миллати тоҷик ва давлати тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд.

Гуфта шуд, ки “дар тӯли бисту ҳафт соли истиқлолият кишвари мо таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошта, соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ эътироф гардид. Инчунин, кишвари мо ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ пазируфта шуда, бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Натиҷаи сиёсати созандаву башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар роҳи ҳалли мушкилоти глобалӣ шинохта шудааст ва дар ин муддат чандин пешниҳодҳои байналмилалии кишвар бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳон қабул ва татбиқ гардида истодаанд.

Дар марҳилаи нави бунёди давлати ҷавони Тоҷикистон тақдири баланди миллати куҳандиёри тоҷик дар симои шахсияти беназири таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон олитарин сифатҳои адолати инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофариро ато кард ва маҳз ҳамин ҳамоҳангӣ ҷомеаро ба сатҳи баланди хештаншиносӣ расонид.

Маҳз бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад”.