Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 November 2018

ш. Душанбе, 16.11.2018. Имрӯз дар чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди истифода қарор гирифтани агрегати якуми НБО «Роғун» чорабиниҳои тантанавии идона баргузор гардиданд.

Тантанаҳои идона дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнии ноҳияи И. Сомонӣ, «Майдони 800 солагии Москва»-и н. Шоҳмансур, Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосими Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ ва майдони Синои (назди Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар ноҳияи Сино доир карда шуданд.

Дар чорабиниҳо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуда, паёми табрикотии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рӯйдоди муҳими таърихӣ – ба истифода супурдани аггрегати якуми НБО «Роғун» қироат карданд.

Маврид ба зикр аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд.

Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.

Дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ, ки Ватани мо пеш аз ҳама, ба сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъӣ ниёз дошт, низоми идоракунии президентӣ маҳз бо мақсади пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо,  таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуд.

Бо дар назардошти ин ва дигар хизматҳои сершумори таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шуруъ аз соли 2016 рӯзи 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Аз ҷумла гуфта шуд, ки ба кор андохтани агрегати якуми НБО «Роғун» ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад, ки басо рамзист. Чунки, сохтмони ин ишооти бузурги стратегӣ ва ҳаётан муҳим барои кишвар маҳз бо ташаббус ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида, имрӯз бо марому талошҳои Сарвари давлат ва муттаҳидиву якдили миллати тоҷик аввалин агрегати Кохи Нури Тоҷикистон – НБО «Роғун» мавриди истифода қарор дода шуд.   

Ҳамчунин таъкид гардид, ки  НБО «Роғун»  барои халқи тоҷик иншооти бағоят муҳим буда, сохтмони он,  воқеан ҳам масъалаи нангу номуси миллист. Бо роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста аз мушкилиҳое, ки сади роҳи сохтмони он гардиданд ва бо иродаи матин НБО «Роғун» ба марҳилаи оғози тавлиди нерӯи барқ расонда шуд. 

Сокинону меҳмонони сершумори пойтахт дар ин рӯз дар маркази баргузории тантанаҳо ба сайру гашти оммавӣ баромада, баҳри болидахотирӣ ва хотирмон гузаронидани санаҳои муҳими таърихӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барномаҳои рангини фарҳангию фароғатӣ ташкил карда шуд.

Дар маркази баргузории тантанаҳо ва дигар гӯшаҳои шаҳр мониторҳои бузург насб гардида, ҷараёни ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври мустақим пахш гардид.

Шоми 17 ноябри соли 2018 дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ” бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Роғун” намоиши тетрикунонидашуда таҳти унвони “Нури Раҳмон” бо иштироки устодони санъат ва эҷодкорони ҷавон бо беҳтарин таронаҳо дар васфи ватан, истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва дигар арзишҳои миллӣ доир мегардад. Ҳамчунин баъди анҷоми намоиш ба муддати 5 дақиқа мушакпаронии (фейрверки) идона сурат мегирад.