Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
23 November 2018

ш. Душанбе. 23.11.2018. Имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ Ҷаласаи тантанавӣ доир гардид. Дар кори ҷаласа намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимтия давлатии шаҳри Душанбе, адибону шоирон ва кормандони сохторҳои тобеъи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода ҳусни оғоз бахшида, иброз дошт, ки Парчами давлатӣ баёнгари ҳақиқии мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик ва равшанибахши роҳи он ба сӯи ояндаи дурахшони кишвар буда, дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосӣ, нишонаи соҳибихтиёрии давлат, рамзи Истиқлолияти давлатӣ, дӯстиву бародарии ҳамаи халқу миллатҳои кишвар ба шумор меравад.

Таъкид гардид, ки Парчами давлатии Тоҷикистон рӯзи 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сароғози таҳаввулоти бунёдӣ дар зиндагии иҷтимоӣ ва низоми идории мамлакат асос гузошт, қабул ва тасдиқ гардидааст ва ин рӯйдоди муҳим ба ҷаҳониён эҳёи давлати миллии тоҷиконро исбот кард.

Иштирокчиёни ҷамъомад, доир ба аҳаммияти парчаму парчамдорӣ дар низоми давлатдори андешаҳои худро баён карданд.

Гуфта шуд, ки  оини парчамдории миллати сарбаланди тоҷик таърихи беш аз чаҳорҳазорсола дошта, он  рамзи садоқату рафоқат, шаъну шараф ва таҷассумгари ифтихору ору номуси ҳар як миллат аст.

Гузаштагони арҷманди мо ҳазорсолаҳо зери парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус  ва забону фарҳанги худро ҳимоят кардаанд.

Имрӯз Парчами миллӣ, ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум баҳри ободии кишвар, ҳаммароми "Дирафши Ковиён"-и аҷдодиамон бо тобиши се ранг: сурх - рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед - нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландӣ, хуррамиву абадият  ва миёни онҳо рамзи тоҷи заррини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкари созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд:- "Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад".

Бо дарки аҳаммияти бузурги парчам барои ҳар як миллат, ҳамасола 24 ноябр сокинони сарбаланди кишвар бо азму иродаи қавӣ ва ифтихор аз ватандории миллӣ Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил менамоянд.