Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
17 December 2018

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд.                                                      

Довталабони стипендия хонандагону донишҷӯёне буда метавонанд, ки бо нишондиҳандаҳои зерин мутобиқат менамоянд:

- рафтори намунавӣ дар байни ҳамсинфон ва ҳамкурсон дар як соли охир, бо дарназардошти тавсияи хаттӣ (аз ҷониби директори муассисаи таълимӣ);

- таҳсил бо баҳои хубу аъло, мувофиқи маълумотномаи хаттӣ оид ба ҷамъбасти баҳоҳо дар як соли охир;

- иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятии муассиса ва берун аз он.

Довталабоне, ки хоҳиши ширкат дар озмуни стипендияро доранд ҳуҷҷатҳои зеринро  то соати 17-00-и        5 январи соли 2019, бо нишони шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 80 пешниҳод намоянд:

 - аризаи довталаб (бо дастхати худаш) барои иштирок дар озмун бо нишон додани номи муассисаи таълимӣ;

 - тавсиянома аз тарафи маъмурияти муассисаи таълимӣ;

 - рӯйхати баҳои солона, ҷамъбастӣ ва аттестатсияҳои давлатӣ, ки бо имзои директор ва муҳри муассисаи таълимӣ тасдиқ карда шудааст;

- 3 дона расми андозааш 3х4;

- нусхаи шиноснома ва ё шаҳодатнома дар бораи таваллуд.

Озмун ба шакли санҷиш дар доираи барномаи таълимӣ тариқи тестӣ гузаронида мешавад.

Телефонҳо барои маълумот: 221 - 72 - 83;  934 - 60 - 30 - 31;    919 - 07 - 66 - 66.