Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
27 December 2018

ш.Душанбе. 27.12.2018. Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо пуштибонӣ аз сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пайғоми солинавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони синни томактабии №1-и шаҳри Душанбе» ташриф оварда, аз фаъолияти муассиса ва вазъи таълимгирандагони он аз наздик шинос шуданд. 

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шахсан ба ҳар як нафар тарбиятгирандагони ин даргоҳи таълимӣ тӯҳфаҳои солинавиро, ки аз сару либоси нави зимистона, бозичаҳои гуногун ва шириниҳо иборат буд, тақдим карда,  онҳоро бо фарорасии соли нави мелодии 2019 муборакбод гуфтанд.
Дар ин рӯз, ҳамчунин аз номи Раиси шаҳри Душанбе барои ин дустрӯякон зиёфати солинавӣ ороста шуд. 
Лозим ба таъкид аст, ки Муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони синни томактабии №1-и шаҳри Душанбе» аз соли 1967 инҷониб фаъолият дошта, аз 2 ошёна иборат мебошад ва  барои 120 нафар пешбинӣ гардидааст.

Феълан бошад, дар ин муассиса 69 нафар кӯдакони аз синни 4 то 7-сола, ба шумули 22 нафар духтар ва 47 нафар писарони ятими кул ва нимятимон, инчунин фарзандон аз оилаҳои ниёзманд,  афроди бепарастор, фарзандони волидайнашон гирифтор  бемориҳои руҳӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. 
 Айни ҳол таълиму тарбия дар муассиса дар 7 гурӯҳ - 2 гурӯҳи махсусгардонидашуда барои кӯдакони аз ҷиҳати ақлонию равонӣ қафомонда ва 5 гурӯҳи муқаррарӣ ба роҳ монда шудааст. 
Кӯдакон таҳти парастории 28 нафар омӯзгорону мураббияҳои соҳибтахассус таълим мегиранд. 
Муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони синни томактабии №1-и шаҳри Душанбе» дар доираи таваҷҷуҳи хоси роҳбари давлат ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, соли равон пурра таъмиру навсозӣ гардида, намои беруна ва дохили он рангубор шудааст. Васоили таълимӣ ва истироҳатии кӯдакон пурра таъмин буда, шароити хуби таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст. Ҳоло дар ҳудуди муассиса майдончаи варзишӣ, 10 адад айвончаи наздиҳавлигӣ, 10 анборхона барои нигоҳдории маводи хӯрока ва сӯзишворӣ, толори варзишӣ, толори мусиқӣ, утоқҳои кории нуқсоншиносон, ҷомашӯйхона, 3 утоқи тиббӣ ва ошхона мавҷуд аст, ки бо ҳамаи шароитҳои зарурӣ таъмин мебошанд.

Зимни боздиду шиносоӣ аз фаъолияти Муассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони синни томактабии №1-и шаҳри Душанбе», Раиси шаҳр ба масъулини дахлдори соҳа дастур доданд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таълиму тарбия дар ин ва ба ин монанд муассисаҳои таълимӣ, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ кунанд. То  ки кӯдакону наврасони бесаробон худро танҳо эҳсос накарда, дар паноҳи давлату ҳукумат фарзандони ба Ватану миллат содиқ ба воя расанд.
Роҳбарияти шаҳри Душанбе таъкид доштанд, ки афроди бесарпаноҳу ниёзманд ҳамеша таҳти ҳимояту ғамхории давлат қарор дошта,  сарфи назар аз иду ҷашнҳо, аз кӯмакҳои моддию маънавӣ дар канор намемонанд.

Аз ҷумла, танҳо   соли 2018, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, барои хӯрокаи тарбиягирандагони муассисаи номбурда тақрибан 400 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Дар арафаи соли нави мелодии 2019, инчунин таълимгирандагони дигар муассисаҳое, ки самти фаъолияташон ба нигоҳубини ятимону бепарасторон нигаронида шудаанд, аз кӯмакҳои Раиси шаҳри Душанбе 
бархӯрдор шуданд.