«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
22 January 2019

    Дар бораи омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор   намудани мавсими даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1992 - 2001 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2019

    Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ, муташаккилона баргузор намудани мавсими даъвати баҳории соли 2019 тибқи банди 5 Низомномаи мақомоти маҳаллии идоракунии ҳарбӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2018, №621 тасдиқ шудааст, дар асоси моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1. Нақшаи чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудани мавсими даъвати навбатии баҳории шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1992 - 2001 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2019 тибқи замима тасдиқ карда шавад.

2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Назирмадзода Б., роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н., раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе Самӣ Ш.Ҳ., Салимзода Н.Ф., Юсуфӣ М., Ҳакимзода Н.Ҳ., воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор иҷрои саривақтии нақшаи мазкурро таъмин намоянд.

         3. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустӣ ва Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе:

    - омӯзиши шаҳрвандони синну соли даъватиро ба роҳ монда, шумораи дақиқи даъватшавандагонро муайян намоянд;   

- ҷиҳати ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудани даъватшавандагон то санаи 25 марти соли 2019 барои гузаштани муоинаи пешакии тиббӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, даъватшавандагоне, ки гирифтори бемориҳои табобатшавандаанд, дар якҷоягӣ бо марказҳои табобатию солимгардонӣ чораҳои зарурӣ андешанд;

    - тибқи тартиби муқарраргардида баҳри дар сатҳи баланд ташкил намудани даъвати навбатии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ маблағҳои заруриро барои харидорӣ намудани маводҳои лозима (либос, маводҳои гигиенӣ, дафтардорӣ) ҷудо намоянд;

    - барои саривақт ва босифат таъмин намудани маъракаи муҳими сиёсӣ - даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ то 30% нақшаи даъватро таъмин намоянд;

    - бо дархости комиссарони ҳарбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе раисони маҳаллаҳо вазифадор карда мешаванд, ки тибқи китоби бақайдгирии хоҷагидорӣ рӯйхати пурраи ҷавонписарони синну соли даъватиро дар муҳлати кӯтоҳтарин барои омӯзиш пешниҳод намоянд;

    - муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёни касбӣ, корхонаҳо, марказҳои савдо ва хизматрасониҳо новобаста аз шакли фаъолияташон баҳри муташаккилона сафарбар намудани ҷавононписарони синну соли даъватӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

         4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» муҳтавои қарори мазкур ва рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳоро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.

         5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Назирмадзода Б. вогузор карда шавад.

 

Рустами Эмомалӣ