Осорхонаи нави миллии Тоҷикистон
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 January 2019

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе мерасонад, ки шурӯъ аз 1-уми феврали соли 2019 дар хатсайрҳои автобусии №1 (кӯчаи Гагарин – маҳаллаи Чимтеппа), №7 (Терминали «Шарқ-транс» - маҳаллаи Дилшод), №43 (Терминали «Шарқ-транс»- Маркази ташхиси техникӣ) пардохти ҳаққи роҳкиро пурра тариқи кортҳои нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Шаҳрвандон метавонанд кортҳои электронии роҳкироро аз терминалҳо, нуқтаҳои фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо ва ронандагони автобусҳо дастрас намоянд.