Амфитеатр дар шаҳри Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
7 February 2019

Дар бораи тасдиқи ҳайат ва Низомномаи Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Бо мақсади татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №123, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”

 ҚАРОР   МЕКУНАМ:

1. Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъсис дода шуда, ҳайат ва низомномаи он тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.

2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н., роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, сарраёсатҳои маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва молияи шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, идора, корхона, муассиса ва ташкилотҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, дар доираи салоҳияташон ба кори Шӯро мусоидат намоянд.

3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» мӯҳтавои қарори мазкурро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

Рустами Эмомалӣ