Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
14 February 2019

Дар бораи таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз - 2019

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ баргузор намудани Иди байналмилалии Наврӯз - 2019 дар шаҳри Душанбе ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии сокинони пойтахт, инчунин иҷрои банди 76 Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2019 мутобиқи моддаҳои 19, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон”

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз - 2019 тибқи замима тасдиқ карда шавад.

2. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои  шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтии нақшаи чорабинии мазкурро таъмин намоянд.

3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи  Раиси  шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

Рустами Эмомалӣ