«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
1 March 2019

Дар бораи додани иҷозат ба Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” барои кандани замин ва роҳи автомобилгард дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Гагарин ва Чашмасор                           

Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Гагарин то гардиш ба кӯчаи Чашмасор) ва кӯчаи Гагарин (аз даромади ҶДММ бозори «Варзоб» то назди бинои ҶДММ «Гулдаст») ҳангоми гузаронидани корҳои васли қубурҳои калонҳаҷми оби нушокӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» ва қарори Раиси шаҳри Душанбе №97 аз 7 феврали соли 2007 «Дар бораи тасдиқи Қоидаи (тартиби) ба роҳ мондани корҳои кандани замин дар кӯчаҳо,  роҳҳо ва пиёдароҳҳои шаҳри Душанбе»                                         

ҚАРОР   МЕКУНАМ:

1.Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе:

   - корҳои сохтмонӣ ва васли қубурҳои калонҳаҷми оби нӯшокиро дар хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Гагарин то гардиш ба кӯчаи Чашмасор) аз 01 марти соли 2019 то 15 марти соли 2019 ва кӯчаи Гагарин (аз даромади ҶДММ бозори «Варзоб» то назди бинои ҶДММ «Гулдаст») аз 01 то 15 марти соли 2019 тибқи лоиҳаҳои замимагардида ва мутобиқи «Қоидаҳои (тартиби) ба роҳ мондани корҳои кандани замин дар хиёбонҳо, кӯчаҳо, роҳҳо ва пиёдароҳҳои шаҳри Душанбе» амалӣ намояд;

   - бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардон, пеш аз оѓози корҳои сохтмонӣ нақшаи иҷрои корҳои сохтмониро бо инобати муваққатан қатъ намудани ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаҳои мазкур бо Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе мувофиқа созад;

   - баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ қитъаҳои роҳҳои кандашударо ба ҳолати аввала баргардонад.

2.Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон», шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе самти ҳаракати нақлиёти автомобилии мусофирбарро, ки аз чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ - кӯчаи Карамов, хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Гагарин то гардиш ба кӯчаи Чашмасор) ва кӯчаи Гагарин (аз даромади ҶДММ бозори «Варзоб» то назди бинои ҶДММ «Гулдаст) мегузарад, ба кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, дар нақшаҳои хатсайри воситаҳои нақлиёти автомобилии мусофирбар тағйирот ворид намоянд.

3.Муовини Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Ф.Ҳ. дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи шаҳри Душанбе ва раиси ноҳияи И.Сомонӣ назорати иҷрои ҳатмии талаботҳои Қоидаи  мазкурро  таъмин намоянд.

4.Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

5.Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М.  гузошта шавад.

                                                                                      

                                                                              Рустами Эмомалӣ