Душанбешаҳр
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
5 March 2019

ш.Душанбе. 05.03.2019.  Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо роҳбарони ширкатҳои букмекерӣ, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, дар робита бо ҷалби ғайриқонунии ноболиғон ба ин марказҳо мулоқот карданд.

Дар вохӯрӣ кормандони масъули дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони мақомоти ҳифзу ҳуқуқу тартибот, раёсатҳои андоз ва маорифи пойтахт иштирок намуданд.

Масъалаҳои вобаста ба пешгирӣ намудани воридшавии ноболиғон ба толорҳои марказҳои букмекерӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд",  ба муқаррарот ва меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани фаъолияти чунин марказҳо ва масъалаҳои дигари марбут ба фаъолияти чунин идораҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷой доштани ҳолатҳои воридшавӣ ва ҷалби ғайриқонунии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ба марказҳои букмекерӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулини сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва маорифи пойтахт ва ширкатҳои букмекерӣ ҷиҳати сари вақт бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва пешгирии ворид шудани наврасону ҷавонони то синни 18 сола ба чунин марказҳо дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.

Раиси шаҳр таъкид намуданд, ки воридшавии наврасону ҷавонон ба чунин марказҳо бар хилофи қонун буда, саривақт пешгирӣ накардани ин омил дар раванди таҳсил, давомоти хонандагон ва мафкураи наврасону ҷавонон, ки дар ташаккули ҷомеаи солим нақши асосӣ доранд, таъсири манфӣ мерасонад.

Дар баробари ин роҳбарони ноҳияҳои пойтахт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва масъулини соҳаҳои дахлдор муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳо назоратро аз болои фаъолияти идораҳои букмекерӣ дар самти ҷалби ноболиғону хонандагон пурзӯр намоянд.

Раиси шаҳри Душанбе ҳамзамон таваҷҷуҳи роҳбарони идораҳои букмекериро ба корҳои созандагиву ободкорӣ, таъмиру азнавсозии ҷойҳои корӣ ва тозагии гирду атрофи маҳали фаъолият ҷалб намуда, таъкид карданд, ки дар сурати аз ҷониби идораҳои  букмекерӣ риоя нагардидани  талаботи қонунгузорӣ дар самти пешгирии ҷалби ноболиғон фаъолияти онҳо пурра қатъ карда мешавад.

Тазаккур бояд дод, ки имрӯз дар ҳудуди шаҳри Душанбе 8 ширкати букмекерӣ дар 139 нукта, бо шумораи 160 нафар корманд фаъолият менамоянд.