Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
13 March 2019

Дар бораи баргузор намудани Форуми байналмилалии “Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ 

Бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ба шаҳри Душанбе, ташвиқу тарғиби фарҳангу таърихи қадими халқи тоҷик, инчунин имкониятҳои сайёҳии кишвар, бахусус шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

 ҚАРОР   МЕКУНАМ :

1. Форуми байналмилалии “Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ” 22 марти соли 2019, соати 9:00 дар шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.

2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ М.М., Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷӣ, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раёсати фарҳанг, шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани форуми мазкур тадбирҳо андешанд.

3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе маблағи 71954 (ҳафтоду як ҳазору нуҳсаду панҷову чор) сомонӣ тибқи харҷномаи замимагардида ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

4. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқаррагардида таъмин намояд.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии Телевизиони Душанбе”, рӯзномаиПаёми Душанбеқарори мазкур ва рафти баргузории чорабиниро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 Рустами Эмомалӣ