Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
19 March 2019

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Душанбе ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни Наврӯзи  байналмилалӣ аз 20 то 24 марти соли 2019 дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии "Наврӯз - мероси фарҳангию сайёҳӣ" доир мегардад.

Пойтахти кишвар шаҳри Душанбе барои истиқболи шоиста аз ҷашни бузурги «Наврӯз-2019» ба  таври идона ороста шуда, ба ин муносибат тамоми кӯчаю хиёбон, маҳаллаву шаҳрак ва ҳар як хонадони Душанбешаҳр ҳамаҷониба омодагӣ гирифтаанд. Шиору  овезаҳои наврӯзӣ аз фармудаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо байту гуфтаҳои  шоирону ҳакимон ба ҳусни шаҳр намои тоза зам намудаанд.

Дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ шоми 20 март масъулин ва сокинони чаҳор ноҳияи пойтахт дар базмгоҳҳои наврӯзӣ бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ фарорасии Соли нави аҷдодӣ-Наврӯзи оламафрӯзро бо назардошти расму русуми мардумӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса пешвоз мегиранд.

Сокинони ноҳияи Шоҳмансур бо оростани базми наврӯзӣ дар Майдони 800 солагии Москва (назди Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ), ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, ноҳияи Фирдавсӣ дар Боғу фарҳангу фароғати ба номи Абулқосими Фирдавсӣ ва ноҳияи Сино дар майдони Синои пойтахт (назди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон) оғози Соли нав - Наврӯзи дилафрӯзро ботантана истиқбол мекунанд.

Дар робита ба ин, субҳи 21 -уми март дар майдони "Дӯстӣ" бори  нахуст   ҷашни  байналмилалии   Наврӯз  дар  пойтахти  кишвар-шаҳри  Душанбе  ба  тарзи  карнавалӣ ва  бо   барномаи махсуси  таҳиякардаи ҳунармандони касбиву эҷодкорони ҷавон ба таври бошукӯҳ таҷлил карда мешавад.

Дар он  баробари  дастаҳои ҳунарию ҳунармандони  касбӣ, донишҷӯёни  макотиби  олӣ, муҳассилини коллеҷу литсейҳои шаҳри Душанбе,  муассисаҳои  таълимии  умумӣ  ва  хонандагони   мактабҳои  махсуси  мусиқӣ  ҳунари  худро намоиш медиҳанд.

Дар барномаи «Шодиёнаи Наврӯз», ки аз 13 бахши фарҳангӣ иборат аст, беш аз 24 ҳазор нафар иштирокчиён ҳунари худро ба маъраз мегузоранд.

Мақсади асосии таҷлили бошукӯҳу ҳадафманди Наврӯз таҷассуми  гиромидошти муқаддасот, суннату анъана ва фарҳангу тамаддуни қадими миллати тоҷик буда, марҳилаҳои ташаккули таърихии он ба ҳайси сармояи маънавии миллати тоҷик ва оини баргузидаи башарият, ҷашни эҳёи табиату оғози соли нав, шодиву сурури ҳамагонӣ, бузургдошти дӯстию бародарӣ ва ваҳдату якпорчагӣ,   суннату оинҳои мардумӣ, орзую ормонҳои умумихалқӣ ва арзишҳои дунявӣ дар ҳамоҳангӣ бо рисолати шодиофаринии Наврӯз маҳсуб меёбад.

Рӯзи 21-уми март дар ҳамаи Боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳр бо иштироки аҳли ҳунар ва сокинони чор ноҳияи пойтахт ба ифтихори  ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ барномаҳои ҳунариву тафреҳӣ ва сайру гашти оммавӣ доир мегардад.

Рӯзи 22-юми март дар шаҳри Душанбе  тантанаҳои наврӯзӣ идома меёбанд.

Ниммаи аввали рӯз дар Кохи навтаъсиси "Суруш"-и пойтахт   бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳуриявию шаҳрӣ, ҳайатҳои бародаршаҳрҳо, корпуси дипломатӣ, ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ, олимону адибон, мутахассисону коршиносони дохиливу хориҷӣ Форуми байналмилалии “Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ” ба фаъолият оғоз мекунад.

Кори минбаъдаи форум дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ду бахш идома меёбад, ки дар доираи он олимону мутахассисон, коршиносони дохиливу байналмилалӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад мекунанд.

Дар чаҳорчӯбаи кори Форум ҳамоишҳои илмиву адабӣ, чорабиниҳои гуногуни шавқовари фарҳангию фароғатӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ созмон дода мешавад.

Боиси ифтихор аст, ки  Иди  Наврӯз  ҳамасола дар саросари  кишвар  тавассути  барномаҳои  пуршукӯҳи идона, доир  намудани  намоиши  ҳунарҳои  мардумӣ,  баргузории  барномаи  театрӣ бо ҳисси ифтихор аз  ватандорию  шукуфоии  кишвар,  арҷ  гузоштан ба мероси  пурғановати ниёгону  шукургузории сиёсати  фарҳангии  Асосгузори    сулҳу  ваҳдати  миллӣ- Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  дар  сатҳи  баланди  худшиносию  меҳанпарастии кулли  сокинони   мамлакат таҷлил  мешавад.

Шоми ҳамон рӯз дар базмгоҳи асосии пойтахт - Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ" бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ  барномаи театрикунонидашудаи «Ганҷинаи Наврӯз» бо иштироки наздики 13 ҳазор ҳунармандону ҳаваскорони ҷавони санъати тамоми манотиқи кишвар баргузор мегардад.

Дар барномаи идонаи наврӯзӣ эҳёи табиати зебои Тоҷикистон, дастовардҳои халқи тоҷик тайи 28 соли соҳибистиқлолӣ, орзую талошҳо баҳри  дастовардҳои бештар рӯшан инъикос меёбанд ва бо рамзи  пирӯзии нур бар зулмот ва гармӣ ба сардӣ  таҷҷасум  мегардад. Шукургузорӣ аз истиқлолият, давлатдории миллӣ,  қадамҳои устувор дар ҷодаи эъмори  давлати  ҳуқуқбунёди дунявӣ асоси муҳтавои барномаи идонаи наврӯзӣ мебошад.

 Рӯзи 23-юми март дар Боғи "Ирам" Фестивали байналмилалии "Наврӯз - мероси фарҳангию сайёҳӣ" доир мегардад. Дар он намояндагони соҳа ва ширкатҳои сайёҳии дохиливу хориҷӣ,  ҳунармандону косибон иштирок мекунанд. Ба меҳмонон ҳунарҳои мардумӣ, фарҳанги наврӯзӣ, хӯрокҳои миллӣ намоиш дода мешавад.

Дар доираи фестивал меҳмонон аз маконҳои таърихиву фарҳангии пойтахт боздид ба амал оварда, дар тантанаҳои Наврӯзи Душанбе иштирок мекунанд.

Ҳамчунин дар ҳошияи кори фестивал баргузории Конференсияи илмӣ-амалии «Тоҷикистон - Наврӯз - Сайёҳӣ», намоиши асарҳои рассомон, намоишгоҳи маҳсулоти ширкатҳои сайёҳӣ ва имкониятҳои хизматрасонии меҳмонхонаҳо, иншоотҳои санаторӣ-курортӣ, молҳои дастии ҳунармандон, аз қабили косибӣ, мисгарӣ, кордсозӣ, чӯбтарошӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва дигар ҳунарҳо баргузор мегардад.

Дар доираи тантанаҳои наврӯзӣ рӯзи 24-уми март дар Муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ" мусобиқаи гӯштингирон бо иштироки паҳлавонони номӣ ва варзишгарони ҷавон баргузор мегардад.