«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 March 2019

ш.Душанбе. 30.03.2019.  Ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳоимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи кушоди шаҳрӣ оид ба аспдавонӣ барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2019» доир гардид.

Дар он беш аз 60 сар аспҳои хуби зоти тоҷикиву англисӣ аз корхонаҳои соҳавии ҷумҳурӣ бо беҳтарин чобуксаворони кишвар иштирок карданд.

Мусобиқа дар масофаҳои 1000, 1200 ва 1600 метр дар шаш марҳила гузаронида шуд.

Дар пойгаи якум ба масофаи 1600 метр аспи хушзот бо лақаби «Звезда» бо нишондоди 1 дақиқаю 59 сония таҳти роҳбарии Раҳматшо Бегиҷонзода ғолиб омад.

Дар ҳамин масофа дар пойгаи дуюми аспҳои соли гуногуни зоти тоҷикӣ аспи  «Бомдод» бо нишондоди 1 дақиқаю 49 сония мақоми аввалро соҳиб шуд.

Дар пойгаи сеюми аспҳои соли гуногуни зоти тоҷикӣ асп бо номи «Рекорд» соҳиби ҷои аввал гардид.

Нишондоди ин асп дар  масофаи 1600 метр 1 дақиқаю 49 сонияро ташкил дод.

Ниҳоят дар пойгаи 6-уми аспҳои дусолаи зоти тоҷикӣ бо нишондоди 1 дақиқаю 11 сония асп бо тахаллуси «Радана» аз хоҷагии деҳқонии «Дошмандӣ»-и ноҳияи Файзобод ғолиб ва соҳиби ҷоиза гардид.