Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
28 March 2011

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қарори раиси шаҲри Душанбе

№162 аз 11 марти соли 2011


Дар бораи баргузории Рӯзҳои шаҳру

ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе

 Бо мақсади густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди пойтахти кишвар бо ноҳияҳои мамлакат ва дар ин замина бархӯрдории ҷонибҳо аз дастовардҳои ҳамдигар баҳри истиқболи сазовори  20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои дастури Сарвари давлат оиди дар сатҳи баланди оммавию ташкилӣ ва фарҳангӣ баргузор намудани Рӯзҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 17 Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи фарҳанг»

 

Қарор мекунам:

1.     Баргузории Рӯзҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе тибқи замимаҳои №1 ва №2  тасдиқ карда шавад.

2.     Масъулияти шахсӣ оиди баргузории Рӯзҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар сатҳи баланди ташкиливу оммавӣ ва сиёсиву фарҳангӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н.,  дар ноҳияҳои Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур мутаносибан ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Сафаров С., Таваров Р.Ҳ., Мансуров Ҷ.М. ва раисони ноҳияҳои зикргардида вогузор карда шавад.

3.     Масъулияти истиқбол, роҳбаладиву гусел ва бо ҷои зисту шароитҳои зарурии моддию ташкилӣ таъмин намудани роҳбарону иштирокчиёни маъракаҳои Рӯзҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба мутасаддиёни зикргардида - муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н., муовинони Раиси шаҳри Душанбе Сафаров С., Таваров Р.Ҳ., Мансуров Ҷ.М., баргузории маъракаҳои фарҳангӣ ба зиммаи  муовини Раиси шаҳри Душанбе Раҳимова С.Ҳ., таъминот бо воситаҳои нақлиёт ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Оев А.М., таъмини бехатариву амният ва тартиботи ҷамъиятӣ ба зиммаи сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе Нуралиев З.С. ва сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе Сабзов Ш. вогузошта шавад.

4.     Ба инобат гирифта шавад, ки  масъалаи ташкили намоиши ҳунарҳои мардумӣ, фурӯши молу маҳсулот ва дастоварди кишоварзон, таҳияи барномаи консертӣ, пардохти хароҷоти роҳкиро то шаҳри Душанбе ва бозгашт, истиқомати иштирокчиён ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва таъминот бо нақлиёту хӯрока дар шаҳри Душанбе ба зиммаи мутасаддиёни дар бандҳои 2 ва 3 ҳамин қарор зикргардида вогузор карда мешаванд.

5.     Муқаррар карда шавад, ки баргузории Рӯзҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва намоишу фурӯши дастовардҳои онҳо дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии  ба номи С.Айнӣ,  ноҳияи Сино дар гулгашти ба номи А.Мироненко, ноҳияи Шоҳмансур дар гулгашти «Москва», гузаргоҳи якуми кӯчаи М.Турсунзода ва ноҳияи Фирдавсӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо» доир карда мешаванд.

6.     Котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.

7.     Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе Ӯлмасов Ф.У. гузошта шавад. 

    М. УБАЙДУЛЛОЕВ


                                                                    

 

 

К О Н С Е П С И Я И

баргузории Рӯзҳои шаҳру ноҳияҳои

ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе

 Мақсади асосии баргузории Рӯзҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе ба хотири густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди пойтахти кишвар бо ноҳияҳои мамлакат ва дар ин замина бархӯрдории ҷонибҳо аз дастовардҳои ҳамдигар баҳри истиқболи сазовори  20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборатанд аз:

-         таҳкими ваҳдати халалнопазири мардуми сар то сари кишвар;

 

-         инъикоси Душанбе чун шаҳри тамаддуни муосир, маркази муттаҳидсози ҳадафҳои олии бунёди ҷомеаи навин, тавлидгоҳи тафаккури ваҳдат ва эҳёи Тоҷикистон, ташаббускори идеяи созандагиву бунёдкорӣ, пешоҳанги татбиқи нақшаҳои азими навсозиҳо, дастовардҳои навтарини техника ва технологияи замонавӣ;

 

-         таҷассуми Душанбе чун шаҳри ҷавонии якчанд насли кишвар, шаҳри илму маърифат, шаҳри дӯстиву бародарӣ;

 

-         арҷгузорӣ ба бунёдкорони шаҳри Душанбе аз тамоми минтақаҳои мамлакат ва боз ҳам ободу зебо гардонидани он чун яке аз марказҳои бузурги Шарқ;

 

-         шиносоии сокинони шаҳр бо дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои кишвар, расму русум, анъанаву фарҳанги муосир, табодули таҷриба дар соҳоти мухталифи пешрафти ҷомеа;

 

-         тавассути ташкили намоиш ва фурӯши молу маҳсулоти соҳибкорону ҳунарҳои мардумӣ ва саноативу кишоварзӣ ғанигардонии бозори истеъмолии шаҳр ва дар сатҳи дилхоҳ нигоҳ доштани нархи анвои молу маҳсулот.

 

Шакли чорабинӣ:

 

1.     Истиқболи ботантанаи меҳмонон дар дарвозаҳои шаҳри Душанбе

2.     Гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва устод Рӯдакӣ чун рамзи эҳтиром ба анъанаҳои таърихиву фарҳангӣ ва ёдгории ваҳдату эҳёи Тоҷикистон ва тамаддуни бою беш аз ҳазорсолаи он:

 - ташкили намоишгоҳи дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ дар боғҳои фарҳангу фароғатии шаҳри Душанбе;

 - барномаи фарҳангию фароғатии устодони санъати шаҳру ноҳияҳои кишвар;

 -  шинос намудани меҳмонон бо раванди бунёдкориву созандагии пойтахт, бо марказҳои муосири иттилоотиву фарҳангӣ  бахусус бо дастовардҳои соҳибкорон дар соҳаҳои саноату сохтмон ва ғайра;

     -  ташкили маҳфили адабӣ;

 - ташкили мулоқоту вохӯриҳо байни намояндагони сохторҳои шаҳриву ноҳиявӣ ва сохторҳои макомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, табодули таҷриба, густаришу тақвият бахшидани ҳамкориҳо ва баимзорасонии санадҳои нав оиди фаъолияти муштарак;

 - ташкили намоиш ва фурӯши дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ, соҳибкорони пешқадам, маҳсулоти  хоҷагии халқи минтақа, аз ҷумла дар соҳаи саноату кишоварзӣ дар бозорҳои шаҳр.

3.     Тақдими тӯҳфаҳои хотиравӣ.

 

 

Т А Р Т И Б И

 

баргузории Рӯзҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

дар шаҳри Душанбе (ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Боғи фарҳангу фароғатии ба номи С.Айнӣ, ноҳияи Сино – гулгашти ба номи А.Мироненко, ноҳияи Фирдавсӣ - Боғи фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо», ноҳияи Шоҳмансур - гулгашти «Москва», гузаргоҳи якуми кӯчаи М.Турсунзода)