Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 March 2011

Комиссияи тендерии Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баҳри иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №165-6 аз 15 марти соли 2011 «Дар бораи баргузории тендер» ҷиҳати интихоби пудратчиёни иншоотҳои:

- «Тоза намудани селпартои Қаротегин ва канали Олучабоф» - Лоти 1;

- «Тоза намудани селпартои Калинин ва таҳшингоҳи Янги Чорякорон» - Лоти 2;

- «Тоза намудани каналҳои Коргар ва Шоҳмансур» - Лоти 3;

- «Тоза намудани канали Ҳазора (аз кӯчаи Ғанӣ Абдулло то кӯчаи Анзоб)» - Лоти 4, тендер тариқи иштироки номаҳдуд эълон менамояд.

Дар тендер шахсони ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷии тахассуси сохтмони дошта иштирок карда метавонанд.

Довталабон бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

1.     Дархост ҷиҳати иштирок дар тендер (то 15 апрели соли 2011);

2.     Пешниҳоди тендерӣ;

3.     Ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда (низомнома ё оиннома);

4.     Иҷозатнома (литсензия) барои иҷрои корҳои сохтмонӣ;

5.     Гувоҳномаи Нозироти андоз ва гувоҳномаи Фонди ҳифзи иҷтимоӣ;

6.     Маълумотнома оид ба хаҷми корҳои иҷрошудаи таъмир ва сохтмони каналу селпартоҳо дар 2-3 соли охир;

7.     Маълумотнома оиди базаи моддӣ-техникии корхона;

8.     Таъминоти пешниҳоди тендерӣ дар ҳаҷми 1% аз арзиши умумии пешниҳоди тендерӣ (кафолати бонкӣ);

9.     Харҷномаи иншоот тибқи тартиби муайянгардида;

10.      Пардохти бебозгашти ҳаққи иштирок дар тендер.

 Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва дастрас намудани ҳуҷҷатҳои тендерӣ довталабон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе», бо суроѓаи: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 48«а», бо телефонҳои: 221-06-16,      221-03-80, 221-05-48 муроҷиат намоед.

Рӯзи гузаронидани тендер 20 апрели соли 2011 соати 1600.

Макони баргузории тендер: Бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе», хиёбони Рӯдакӣ 48«а».

Эзоҳ: мӯҳлати ниҳоии қабули пешниҳодоти тендерӣ то соати 1500 - и 19 апрели соли 2011.