Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
20 April 2019

ш.Душанбе. 20.04.2019. Имрӯз  бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Тоҷикистон   дар шаҳри Душанбе  Ниммарафони X  байналмилалӣ    баргузор гардид.

Мусобиқаи байналмилалии мазкур бо мақсади устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта, дар асоси татбиқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии дастуру супоришҳои  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Дар мусобиқаи  мазкур   беҳтарин варзишгарон аз бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодидошта аз қитъаҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва  Осиё  иштирок  намуданд. Бояд зикр кард, ки дар Ниммарафони X Душанбе имсол дар баробари қариб 400  нафар намояндагони Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва беш аз  36 нафар  варзишгарон аз 15 давлати хориҷӣ, аз қабили Австралия, Австрия, Украина, Афғонистон, Британияи Кабир, ИМА, Кения, Қазоқистон, Қирғизистон, Нидерланд, Россия, Ӯзбекистон, Украина, Чин ва Эфиопия ширкат варзиданд.

Ниммарафони X байналмилалӣ масофаи 21 километру 97 метрро дар бар гирифта, аз майдони назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт шурӯъ шуда,   дар майдони Дӯстӣ, дар назди ҳайкали Исмоили Сомонӣ ба поён расид.

Пас аз тай намудани масофаи зикргардида ғолибони Ниммарафони X  байналмилалии   Душанбе  муайян гардиданд.

Миёни мардҳо:

Ҷойи якум- Фенте Ҷирма аз Эфиопия

Ҷойи дуюм- Микола Юхимчук аз  Украина

Ҷойи сеюм- Михаил Красилов аз Қазоқистон

Ҷойи чорум- Жоодаора Кочконбекова аз Қирғизистон

Ҷойи панҷум- Майна Самуел аз Кения

Ҷойи шашум- Андрей Петров аз Ӯзбекистон

 

Миёни занҳо:

Ҷойи якум —  Даря Маслова аз Қирғизистон

Ҷойи дуюм- Гуангул Хирут аз Эфиопия

Ҷойи  сеюм-  Ситора Ҳамидова  аз Ӯзбекистон,

Ҷойи  чорум- Мурунги Бетти Касамбӣ  аз Кения

Ҷойи  панҷум- Меҳрангез Назарова   ва ҷойи шашум-  Улиям Кузминова, ҳарду   аз  Тоҷикистон.

Тазаккур бояд дод, ки Ниммарафони байналмилалии Душанбе мақоми баланд дошта,  ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаҳои дур  шомил карда шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки аввалин бор Ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе ба масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандаҳои Тоҷикистон моҳи апрели соли 2009 баргузор гардида буд.

Ғолибони ниммарафони байналмилалӣ дар Душанбе

(солҳои 2010-2019)

Мардон

2010 – Тоҳир Мамашев (Қазоқистон)

2011 – Михаил Биков (Россия)

2012 – Андрей Петров (Ӯзбекистон)

2013 – Андрей Петров (Ӯзбекистон)

2014 – Роман Романенко (Украина)

2015 – Юрий Чечун (Россия)

2016 – Либога Вилсон (Кения)

2017 – Тилаҳун Гирма (Эфиопия)

2018 – Тефера Гоза (Эфиопия)

2019 – Фенте Ҷирма (Эфиопия)

Занон

2010 – Надежда Поволяева (Россия)

2011 – Алёна Самохвалова (Россия)

2012 – Камила Ханипова (Россия)

2013 – Александра Дулиба (Беларус)

2014 – Ситора Ҳамидова (Ӯзбекистон)

2015 – Юлия Чиженко (Россия)

2016 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2017 – Виктория Полюдина (Қирғизистон)

2018 – Даря Маслова (Қирғизистон)

2019 – Даря Маслова (Қирғизистон)