Гулҳои Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
3 May 2019

ш.Душанбе. 03.05.2019. Имрӯз дар толори Муассисаи давлатии   "Аҳорун"-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе даври шаҳрии фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид.

Фестивали мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 оид ба баргузории фестивал, намоиш, ид, озмун, анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе бо иштироки фаъолони чор ноҳия ва ҳунармандону тарроҳони пойтахт доир гардид.
Мақсад аз баргузор намудани фестивал баланд бардоштани мақому манзалати либосҳои миллӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли анвои гуногуни матоъҳои миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, тоқидӯзиву ҷувздонҳо ва дар ин замина эҳтирому арҷгузорӣ ба мероси пурғановати таърихию фарҳангии миллати тоҷик ба шумор меравад.
Қабл аз оғози фестивал иштирокчиёни чорабинӣ аз намоишгоҳи ҳунари чакан, ки он аз ҷониби ҳунармандон ва косибон аз чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе ташкил гардида буд, дидан намуданд.
Намоишгоҳ ба ҳунари чакан бахшида шуда, дар он намунаҳои сершумори ин санъати бостонии тоҷикон, ба шумули либосу  лавозимоти хонадорӣ, ба мисли курта, сӯзанӣ, болишт, ҷойпӯш, бардеворӣ, тоқӣ, гаҳворапӯшак, чойхалта, камарбанд, хурҷин ва ғайра, ки бо нақшу нигори гуногун аз қабили косагул, аштак, гули анор, барг, баргак, барги бед, барги гул, барги дарахт, барги сафедор, барги тут, бахмалгул, бодом, бодомча, бутта, буттаи гул, гандум, гандумак, гули калон, гарди гул, гашнич, гирди гулҳо, ғулғулак, гули дарахт, гули зардак, гули зағерак ва намунаҳои дигари санъати чакандӯзӣ оро дода шуда буданд, ба маъраз гузошта шуд.
Маҳорати дастони гулдӯзон, ки маҳсули дасти худро ба намоиш гузошта буданд, гӯё имрӯзро бо гузашта мепайвандад ва дар гулҳои офаридаашон ба ояндагон нияти неки худ ва гузаштагонро ба мерос мегузоранд. 
Дар оғози фестивали «Сад ранги чакан» муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ суханронӣ намуда, Паёми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хоса Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба иштирокдорони ҷашнвора расонида, аз ҷумла таъкид карданд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар арзишҳои миллии тоҷикон, арзишҳои фарҳангӣ низ аз нав эҳё гардиданд, ки чакан аз зумраи онҳо ба шумор меравад.
Гуфта шуд, ки чакан навъе аз ҳунарҳои мардумии дорои таърихи ниҳоят куҳан буда, ба ҳаёту зиндагӣ, урфу одат ва олами маънавии халқи тоҷик алоқамандии зич дорад.
Гулдухтарони тоҷик чаканро дар ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, чорабиниҳои фарҳангии давлатӣ, истиқболи меҳмонони олиқадр, тӯю маъракаҳои хонаводагӣ ба бар намуда, якҷоя бо нону намак манзури мардум мегардонанд.
Сипас барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳоди иштирокдорон гардонида шуд. Суруду тарона ва рақсу навоҳои дилнишин дар иҷрои ҳунармандон ҳар яке ифодагари санъату ҳунари волои чакандӯзӣ, аҳамияти таърихиву фарҳангии он ва нишонаи завқи баланди зебоипарастии миллати тоҷик буданд.
Маврид ба зикр аст, ки Фестивали "Сад ранги чакан" аз рӯи шаш  бахш, аз ҷумла либосҳои қадимаи чакан, либосҳои кӯдакона, либосҳои рӯзмарра, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ ва навъҳои гуногуни сӯзанидӯдӯзӣ гузаронида шуд.
Дар баробари ин зимни барномаи фарҳангӣ намунаҳои гуногуни либосу лавозимот, аз ҷумла либосҳои мардонаву занона ва кӯдакона, ки бо завқи баланди эҷодкорӣ ва санъати волои амалӣ –ороишии чакандӯзӣ омода гардида буданд, намоиш дода шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии Дафтари илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) 29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи худ, ки дар шаҳри Порт-Луиси Маврикий баргузор гардид, «чакан» - и тоҷиконро ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард.
Зимни муаррифии чакан дар сомонаи ЮНЕСКО гуфта мешавад, ки «он як навъ гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст.»
Дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ(2019-2021), ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, дар пойтахт баргузор шудани Фестивали “Сад ранги чакан” ба эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, фарҳанги бою ғании миллати тоҷикон, муаррифии косибони чирадаст ва ҳунармандони соҳибистеъдод мусоидат менамояд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ ғолибон ва иштирокчиён дар бахшҳои либосҳои қадимаи чакан, кӯдакона, рӯзмарра, маросимиву идона, расмӣ ва навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ бо диплом ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.