Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
4 April 2011

 

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

№ 177 аз  02  апрели соли 2011

 

Дар бораи  баргузории нахустин мусобиқаи  байналмилалӣ оид ба теннис ба муносибати Рӯзи пойтахт

 

            Бо мақсади дастгирии ташаббуси дӯстдорони тенниси калон ва муроҷиати онҳо аз 31 марти соли 2011 ва сазовор таҷлил намудани Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии олимпӣ, рушди варзиши намуди теннис ва тарзи ҳаёти солим, устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ байни дӯстдорону варзишгарони касбии дохил ва хориҷи кишвар аз рӯи намуди теннис мутобиқ ба талаботи  моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

 

Қ А Р О Р    М Е К У Н А М :

1.      Кумитаи тадорукот тибқи замимаи 1 таъсис ва вазифадор карда шавад, ки  16 апрели соли 2011, соати 09 00 нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис ба муносибати Рӯзи пойтахт дар Корхонаи воҳиди давлатии «Қасри теннис» - и шаҳри Душанбе мутобиқ ба тартиби баргузории он (замимаи 2) доир намояд.

2.      Ташаббуси дӯстдорони варзиш аз рӯи намуди теннис барои солҳои минбаъда дар сатҳи мусобиқаҳои байналмилалӣ баргузор намудани чорабинии мазкур ҷонибдорӣ ва ба инобат гирифта шавад. 

3.      Кумитаи тадорукот дар ҳамкорӣ бо роҳбарони сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ доир намудани чорабинӣ тадбирҳои зарурӣ андешад. 

4.  Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе барои харидории Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе маблағи 4500 ( чор ҳазору панҷсад) сомонӣ  ҷудо намояд.

5. Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва   Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини амнияти  шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини хизматрасонии тиббии «Ёрии таъҷилӣ», риояи Маромномаи сокини пойтахт ва барои дар сатҳи баланди касбӣ доир гардидани мусобиқа чораҳои мушаххас андешанд.  

6. Муассисаи давлатии «Сарраёсати ободонии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе» барои омода ва насби шиору навиштаҷот ва Шӯъбаи фарҳанги шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини асбобҳои пахши садо тадбирҳои амалӣ андешанд.

7. Котиби матбуоти Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи Қарори мазкурро тавассути воситаҳои  ахбори оммаи дохилию хориҷӣ таъмин намояд.

8.  Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад.

                                                             

                                                                              М. УБАЙДУЛЛОЕВ      

            

--------------------------------

                                               

Ҳайати

Кумитаи тадорукот оид ба баргузории нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис ба муносибати Рӯзи пойтахт

 

1.Хайруллоев Н.М.- Муовини якуми  Раиси шаҳри Душанбе, раиси  Кумитаи  тадорукот

2.Раҷабалиев Б. Ҷ.- раиси Федератсияи тенниси  Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи тадорукот

3.Қурбонов Д.М. - сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, котиби Кумитаи тадорукот

 

                                                          Аъзо:

4.Наҷмиддинов М. С.-     вакили Маҷлиси вакилони ҳалқи шаҳри Душанбе ҳи №2, узви гурӯҳи ташаббускор ва дӯстдорони варзиши намуди теннис

5.Тағоев Т.С.-   директори Корхонаи воҳиди давлатии «Қасри тенниси шаҳри Душанбе»

6.Яҳёев М.М.-  директори Муассисаи давлатии «Мактаби кӯдакону наврасон оид ба теннис» - и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

7.Макашын С.Б. -     сармураббии дастаи яккачини тенниси Ҷумҳурии Тоҷикистон

   
------------------------------------

 

Тартиби

баргузории нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис ба муносибати Рӯзи пойтахт

1. Мақсад ва вазифаҳо:

1.1.   Таҳкими дӯстию ҳамкорӣ миёни дӯстдорону варзишгарони намуди тенниси калон дар шаҳри Душанбе;

1.2.   Рушду инкишофи варзиш аз рӯи намуди теннис дар шаҳри Душанбе;

1.3.   Таҷлили сазовори Рӯзи пойтахт;

1.4.   Таъмини оммавияти варзиш ва ҷалб намудани варзишгарону сокинони пойтахт ба машқҳои мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

1.5.   Дарёфт намудани беҳтарин бозигарони тенниси калон дар пойтахт.

2.      Макон ва вақти баргузории мусобиқа

2.1.   Оғози нахустин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис санаи 16-17 - уми апрели соли 2011 соати 0900 дар КВД «Қасри теннис» - и шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

 

3.      Роҳбарӣ ва баргузории мусобиқа

          3.1. Роҳбари умумӣ оид ба омодагӣ ва баргузории мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Федератсияи тенниси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ба амал бароварда мешавад;

          3.2. Гузаронидани мусобиқа ба зиммаи сардовар ва ҳайати довароне, ки аз ҷониби Кумитаи тадорукот тасдиқ гардидааст, вогузор карда мешавад. Ҳайати сардовар ва доварони мусобиқа ҷараёни мусобиқаро мувофиқ ба стандартҳои қабулгардидаи байналмилалӣ назорат ва амалӣ менамоянд.

4.      Иштирокчиёни мусобиқа

4.1.   Дар мусобиқа дастаҳо аз ҳисоби варзишгарони вазорату Кумита, ташкилоту идораҳои кишвар, намояндагони корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии дар шаҳри Душанбе фаолиятдошта ва вилоятҳову шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки ба Кумитаи тадорукот муроҷиат намудаанд, ширкат меварзанд.

5. Тарзи баргузории мусобиқа

5.1. Мусобиқа тибқи қоидаи байналмилалии ИТФ (International tennis Federation - Федератсияи байналмилалии теннис) ба таври даврӣ гузаронида мешавад.

6. Мукофотонидан

6.1. Ғолибони ҷои аввали мусобиқа бо Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе ва ҷойҳои 2, 3 ва 4   бо ҷомҳои таъсиснамудаи гурӯҳи дӯстдорони теннис ва мукофотҳои Раиси шаҳри Душанбе (дар шакли туҳфаҳои хотиравӣ ва   дипломҳо) қадрдонӣ карда мешаванд.

7. Дархостҳо   

7.1. Дархостҳои пешакӣ барои иштирок дар мусобиқа бояд ба Кумитаи тадорукот то 12 апрели соли 2011 ирсол карда шаванд. Дархостҳои ниҳоӣ бояд ба ҳайати асосии доварон то санаи 15-уми апрели соли 2011 соати 1400 пешниҳод карда шаванд.

e-mail: maib_tj@mail.ru

Телефон барои маълумот: +992 918 62 59 59; 918 62 48 39; 2216736.