Театри Опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ таърихи 70-сола дошта, яке аз театрҳои аввалини Душанбе ба ҳисоб меравад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
15 May 2019

ш.Душанбе. 15.05.2019. Имрӯз ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила" бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бинои Муассисаи давлатии "Душанбе-Плаза" таҳти унвони "Оила - макони меҳру муҳаббат" ҳамоиши фарҳангӣ-маърифатӣ " доир гардид.

Дар кори он намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, сохторҳои мақомоти иҷроияи шаҳр ва ноҳияҳои он, фаъолон, шахсиятҳои маъруфи кишвар, оилаҳои намунавӣ ва навбунёд иштирок доштанд.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба ифтихори "Рӯзи байналмилалии оила " ба самъи ҳозирин расонданд.

Тавре зикр гардид, оила, ҳамчун ячейкаи аввалини ҷомеа эътироф шуда, дар кишвари мо таҳти ғамхории давлат қарор дорад.

Заминаи мавҷудаи устувори меъёрии ҳуқуқӣ, шурӯъ аз Қонуни асосӣ ба оила муносибати хоса дошта, тибқи моддаи 33- и Конститутсия, давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад ва ҳар фарди ҷомеа ҳуқуқи ташкили оиларо дорад.

 Ин аст, ки дар кишвари мо аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат ба нақши оила дар пешравии ҷомеа таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мешавад.

«Соли оила» эълон шудани соли 2015 ин худ тасдиқи гуфтаҳои болост. Ҳадафи аслии  ин иқдом, баланд бардоштани нақши оила дар ҷомеа буда, он ба тарбияи фарзанд ва тақвияти муносибатҳои хуби муошират байни аъзоёни оила равона шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати талошу сиёсати пайгирона ва заковати хирадмандонаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу ҳимояи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии оила, кӯдак ва волидайн қадамҳои усутувор мегузорад.

Принсипи инсондӯстӣ ва ятимпарварии Сарвари давлат аҳли ҷомеаро водор месозад, ки барои таҳкиму устувории оила ва бақои он  кӯшиш намуда, онро масъалаи муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ қабул намояд.

«Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамҷун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташакул меёбад», -таъкид намудаанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар саҳни Муассиса аз ҷониби дастандаркорони чорабинӣ намоишгоҳи маҳсули дасти оилаҳои ноҳияҳои пойтахт, ки бозгӯи ҳунари воло ва маҳорати ҳунармандони чирадаст мебошад, ба маъраз гузошта шуда буд.

Зимни боздид аз он меҳмонон ба ҳунармандиву ҳунарнамоии оилаҳои тоҷик баҳои баланд дода, онҳоро ба саҳмгузорӣ дар муаррифии шоистаи фарҳангу маданият ва ҳунари мардуми тоҷик дар арасаи байналмилалӣ даъват намуданд.

Дар вазъияти  ботантана дар доираи "Рӯзи  байналмилалии оила" ба 10 ҷуфт ҷавононе, ки нав оила барпо кардаанд, шаҳодатномаҳои ақди  никоҳ супорида шуд.

Ҳамчунин ба 4 ҷуфт оилаҳои намунавӣ аз чор ноҳияи пойтахт , ки аз 10 то 50 сол якҷоя зиндагӣ доранд, сипоснома ва тӯҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим гардид.

Дастагули иборат аз савту наво, суруду тарона ва рақсҳои ҷозиб дар иҷрои устодони санъат ва эҷодкорони ҷавон ба маҳфил шукӯҳи хоса бахшид.