Маркази барқу гармидиҳии -2 Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
16 May 2019

ш.Душанбе. 16.05.2019. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бинои Муассисаи давлатии "Душанбе-Плаза" дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии оила Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Таҳкими масъалаҳои оиладорӣ дар замони ҷаҳонишавӣ” доир гардид.

Дар кори конференсия намояндагони вазорату идора, олимону  мутахассисон, ташкилотҳои ҷамъиятию байналмилалӣ ва сохторҳои гуногуни ҷомеа иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузор намудани чорабинии мазкур тарғиби суннатҳои неки оиладорӣ, тарғиби беҳтарин арзишҳои оиладорӣ ва талқини онҳо ба насли ҷавону ояндасози миллат дар ҷаҳони муосир мебошад.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба иштирокчиёни конференсия ироа намуданд.

Тавре гуфта шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати талошу сиёсати пайгирона ва заковати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу ҳимояи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии оила, кӯдак ва волидайн қадамҳои усутувор мегузорад.

 Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад.

Тазаккур дода шуд, ки оила дар ташаккули инсон аҳамияти муҳими аввалиндараҷа дошта, нахустин заминаи иҷтимоии шахс маҳсуб меёбад.

Ин аст, ки дар кишвари мо аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат ба нақши оила дар пешравии ҷомеа таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мешавад.

Зеро оила ҷузъи хурдтарини давлат буда, чӣ қадаре мустаҳкам бошад, ҳамон қадар давлат устувор мегардад ва имкониятҳои мо дар бунёди ҷомеаи ҳуқуқасоси  демократӣ зиёд мешавад.

Олимону мутахассисони соҳа дар мавзӯъҳои “Мушкилот ва таҳкими маърифати ҳуқуқӣ дар оила”, “Аҳамияти донишҳои антропологӣ дар оила”, “Арзёбии ҷабҳаҳои иқтисодии оила ва оиладорӣ”, “Нақши оила дар муқобили буҳронҳои маънавӣ”, “Оилаи солим асоси давлат” ва ғайра бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карданд.

Дар ҷараёни кори конференсия миёни маърӯзачиён ва ҳозирин  мубоҳисаи пурмуҳтавое доир гардид, ки зимни он иштирокчиён ба суолҳои худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.