Меҳмонхонаи панҷситорадор «Hyatt Regency» соли 2008 кушода шуд ва дар маркази Душанбе – соҳили кӯли Ҷавонон ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 February 2011

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №107 аз 18 феврали соли 2011 барои интихоби беҳтарин лоиҳакаш ва иҷрокунандаи корҳои равшаннамои бинои «Душанбе плаза» аз рӯйи таъиноту рангҳои мувофиқ, тибқи шартҳои озмуни замимагардида, байни  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ озмуни кушод аз 21 феврали соли 2011 бо ҷамъбасти он на дертар аз 30  марти соли 2011 эълон мекунад.

  
ШАРТҲОИ ОЗМУН

 ба иҷрои  равшанидиҳии  намои  бинои «Душанбе-плаза»

       1.Маводи  ба намоиш  пешниҳодгардида  бояд бо формати на  камтар аз  А3 пешкаш шаванд, бо хоҳиши муаллиф (муаллифон) маводҳои иловагӣ метавонанд бо ҳама формат ва навъ пешкаш гарданд. Зимни таҳияи Дизайн-лоиҳаи равшанидиҳии бино бунёди симои такрории меъморӣ ва ҳунарии равшанидиҳандаи зери бинои 20-ошёнаи «Душанбе плаза» зарурат надорад. Дар лоиҳа бояд комёбиҳои технологияи олии таҷҳизоти равшанидиҳандаи техникӣ истифода бурда шавад. Талаботи асос ба равшанидиҳандаи зери бинои меъморӣ:

  • оддӣ будан зимни хизматгузорӣ ва иваз кардани хароҷоткуниҳои равшанидиҳандаи зери бино;
  • иқтидори ками истифода мешудаи низоми равшанидиҳандаи зери меъморӣ;
  • ба кор даровардани автономии равшанидиҳандаи зери меъморӣ ҳангоми фарорасии торикӣ;
  • мутобиқат ба меъёрҳои сохтмонӣ ва бехатарии зиддисӯхтории равшанидиҳандаи зери бино;
  • дизайни зебои ранг, ки бо равшанидиҳандаи зери меъморӣба вуҷуд оварда мешавад.

Пешниҳоди номгӯйи зарурии ҳуҷҷатҳо аз ҷониби иштирокчиён.

      2.   Мактуби ёддошт на зиёда аз се саҳифа  (2 нусха) бо зикри мақсаднок  будани истифодаи омилҳои равшанидиҳии бадеӣ аз рӯйи таъинот вобаста ба функсияҳои ошёнаҳо, инчунин  ин-тихоби таҷҳизотҳои муосири равшанидиҳӣ дар қисмати беруна ошёнаҳои алоҳидаи бино.

      3.Маълумот  оиди  иҷрои  корҳои  монанд  дар  давоми се соли охир,  тавсиянома аз фармоишгар ё ташкилоти байналхалқӣ (сертификат) оиди  қобилиятнокии  иҷрои корҳои  равшанидиҳии бадеӣ.

      4.Таъиноти истифодабарии ошёнаҳо ба таври зайл муқаррар шудааст:

 

Ошёнаҳо

Таъиноти истифодабарӣ

 1-ум

Марказҳои иттилоотӣ

 2-юм

Намоишгоҳҳои сайёр

 3-юм

Осорхонаи этнографӣ

 4 ва 5-ум

Толорҳо бо утоқҳо барои машварат-ҳои расмӣ дар сатҳи олӣ, утоқҳо барои намояндагони ширкатҳои байналхалқӣ

  6

Ошхона

 Аз 7 то 20-ум

Утоқҳои маъмурӣ, идора (офис)

     

      5.Довталаб ба озмун бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунад:

-харчнома корҳои лоиҳакашӣ;

            -харчномаи корҳои сохтмонӣ марбут ба равшаникунӣ, аз ҷумла арзиши таҷҳизотҳои дахлдор;

  -маълумот оиди зарурияти қувваи барқ.

6.Ба довталаб ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод мегарданд:

  -нақшаи генералии бино дар миқёси 1:500;

 

7.Дар мактуби сарпӯшида (лифофаи 2) бояд маълумоти зерин дар бораи муаллиф ё гурӯҳи муаллифон бо номи девиз бошад;

         - фамилия ном ва номи падар;

         - суроға ва телефон;

      8.Иҷозатнома барои корҳои лоиҳакашӣ, корҳои равшанидиҳӣ ва иҷрои корҳои марбут ба насби корҳои равшанидиҳӣ, ки аз тарафи мақомоти давлатии ваколатдор дода мешавад;

        

9.Агар ангораҳо аз ҷониби як гурӯҳ таҳия шуда бошанд, иловатан бо номи рамзӣ бояд варақи алоҳида бо имзои муаллифон  бо нишон додани ҳиссаи ҳар кадоми онҳо ва дигар маълумотҳое, ки муаллиф зарур мешуморад, бошад.

10.Дар мавриди таҳияи ҳуҷҷатҳои озмун аз графикаи компютерӣ истифода намудан мумкин аст.

11.Ангораҳои ба озмун бо вайрон кардани шартҳои мазкур пешниҳодшуда баррасӣ карда намешавад.

12.Ҳамаи ҳуҷҷатҳо бояд дар дохили лифофа, ки дар тарафи чапи он номи рамзӣ сабт шудааст, бошанд  (баландии навиштаҷот 10мм-ро ташкил диҳад).

      13.Пешниҳоди ангораҳо ва мактуби ёддошт дар лифофаи 1(асосӣ) ва лифофаи дуюм якҷоя маҳкам карда шуда, дар рӯи он номи девиз ва навиштаҷоти «Барои озмун» дарҷ карда шавад.

      14.Лифофаи дуюм, ки маълумотҳо дар бораи муаллифон маҳфуз аст, бояд пас аз муайян намудани девизи қобили қабул ҳамчун ғолиби озмун кушода шуда, муаллифи пешниҳоди ғолиб ошкор карда шавад.

      15.Озмуни кушод дар як давра гузаронида шуда, махфӣ нигоҳ доштани рӯйхати довталабон кафолат дода мешавад.

      16.Пешниҳодҳо то 26 марти соли 2011 бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н.Қаробоев-24, Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе ирсол карда шаванд.

      17.Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда дар китоби алоҳида бо санаи дохил шудани он ба қайд гирифта мешаванд.

      18.Ҳуҷҷатҳое, ки баъди санаи мазкур пешниҳод мешаванд, мавриди қабул ва баррасӣ қарор намегиранд.

      19.Муҳокима ва таҳлили пешниҳодҳо таври озод сурат гирифта, раванди ҷаласа ва қарори комиссия дар протокол сабт мегардад.

      20.Довталабе ғолиби озмун эътироф мегардад, ки агар пешниҳодоти он ба шартҳои озмун пурра ҷавобгӯй буда, бо навоварӣ ва ҳалли беҳтарини масоили зебонигорӣ фарқият дошта бошад.

      21.Комиссия ғолиби озмунро дар асоси овоздиҳии кушод на дертар аз 31 марти   соли 2011 муайян менамояд.