Боғи фарҳангу фароғатии умумишаҳрӣ дар пойтахт
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
21 May 2019

ш.Душанбе, 20.05.2019.  Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими баимзорасонии Қарордод байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Маркази байналмилалии Чин оид ба мубодила дар соҳаҳои иқтисодӣ ва техникии Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин доир ба татбиқи лоиҳаи таъмини Муассисаи давлатии "Телевизиони Душанбе" бо Студияи сайёри телевизионии рақамӣ доир гардид.

Қарордоди мазкур дар доираи Созишномаи ҳамкориҳои техникӣ-иқтисодӣ байни Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин  аз 20 майи соли 2013 дар хусуси татбиқи амалии Лоиҳаи "Мукаммалгардонии сатҳи техникии корхонаҳо ва муассисаҳои давлатии шаҳри Душанбе" ба тасвиб расид.

Санадро аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ва аз ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин  директори Маркази байналмилалии Чин оид ба мубодила дар соҳаҳои иқтисодӣ ва техникии Вазорати тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ян Дун  ба имзо расонданд.

Кобили зикр аст, ки гурӯҳи  кории мутахассисони ширкати "МЕНЕСО" -и Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои техникӣ ва имзои Қарордоди татбиқи лоиҳа дар давраи аз 15 май то 22 майи соли 2019 дар Тоҷикистон меҳмон буданд.

Мутахассисони Чин масъалаҳои вобаста ба омӯзиши мутахассисони маҳаллӣ, роҳҳо, муҳлат ва тартиби таҳвили таҷҳизот аз Чин ба Тоҷикистон ва дигар мавзӯъоти марбут ба татбиқи Қарордоди мазкурро мавриди омӯзиш қарор доданд.

Дар назар аст, ки таҷҳизоти Студияи сайёри телевизионии рақамӣ то моҳи сентябри соли 2019 ба шаҳри Душанбе таҳвил дода мешавад.