Биноҳои истиқоматӣ ва маъмурии лоиҳаи «Диёри Душанбе»
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
29 July 2019

 НАМУНАИ САВОЛҲОИ ОЗМУНИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ  ДУШАНБЕ

 
1. Моҳияти иқтисоди миллиро шарҳ диҳед?
2. Иқтисоди миллӣ аз кадом соҳаҳо иборат аст?
3. Кадом вазорату идораҳои давлатӣ дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро таҳия менамояд?
4. Нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишварро номбар намоед?
5. Маҷмӯи маҳсулоти миллӣ чист?
6. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ чист?
7. Маҷмӯи маҳсулоти миллии холис (МММХ) чист?
8. Таваррум ва шаклҳои пайдоиши онро шарҳ диҳед?
9. Даромади миллӣ чист?
10. Фарқияти асосии нишондиҳандаҳои МММ аз ММД дар чист? 
11. Фарқияти асосии нишондиҳандаҳои ММД аз МММ дар чист?
12. Натиҷаи зиёдшавии МММ аз ММД дар чист?
13. Даромади шахсӣ чист?
14. Даромади дарихтиёрбуда чист?
15. Моҳияти иқтисодии сарвати миллиро маънидод намоед?
16. Калимаи иқтисодиёт чиро мефахмонад?
17. Кисми назарияи иктисоди, ки проблемахои иктисодиро дар сатхи давлат меомузад чи ном дорад?
18. Аввалин маротиба мафхуми иктисод (ойкономия) аз тарафи ки истифода шудааст?
19. Кисми назарияи иктисоди, ки сохахои алохида ва  иктисоди нохияхои кишварро меомузад чи ном дорад?
20. Тилло ба кадом намуди захирахои иктисоди дохил мешавад?
21. Чумхурии Точикистон аз нуктаи назари истехсолот ба кадом гурухи кишвархо дохил мешавад
22. Моликият чист?
23. Аввалин маротиба пулхои когази кай ва дар кучо пайдо шудааст?
24. Фаъолияти одамон, ки барои мубодилаи мол ва хариду фуруш равона шудааст чист?
25. Аз мафхумхои додашуда кадомаш нодуруст мебошад?
26. Хусусияти асосии механизми бозори дар он аст, ки хамаи унсурхои он бевосита вобастаанд аз?
27. Микроиктисод чист?
28. Бизнеси хурд дар кадом шакл ташкил карда мешавад?
29. Кадом шакли сохибкори дар асоси гирифтани патент фаъолияти худро огоз менамояд?
30. Кадоме аз шаклхои бизнеси хурд барои навовари маблагхои худро таваккал менамояд?
31. Оиннома барои корхона дар кадом маврид ташкил карда мешавад?
32. Чамъияти саххоми чист?
33. Сохибкори инфироди кадом намуди андозро пардохт менамояд?
34. Чамъияти саххомие, ки сахмияхояш танхо байни созмондихандагон таксим карда мешавад чигуна чамъияти сахоми аст?
35. Хадди акали музди кор дар Чумхурии Точикистон аз чониби ки муайян карда мешавад?
36. Самти сиёсати иктисодии давлатро интихоб намоед:
37. Бо максади танзими давлатии рушди иктисоди давлат бештар ба чи таъсир мерасонад?
38. Максади нихоии рушди иктисоди ин?
39. Сатхи зиндагии ахоли аз руи кадом нишондихандахо муайян карда мешавад?
40. Сабади истеъмоли ин?
41. Кадом омилхо ба баланд шудани сатхи зиндаги таъсир мерасонанд?
42. Сиёсати автаркия чигуна сиёсат мебошад?
43. Кадоме аз мамлакатхои чахон аввалин маротиба ба истехсоли абрешим машгул шудааст?
44. Хачми содирот ва воридот вобаста аст, аз?
45. Зерсоҳаҳои асосии соҳаи саноати кишварро номбар намоед?
46. Манбаъҳои асосии маблағгузорӣ ба сармояи асосиро номбар намоед?
47. Фарқияти гардиши савдо чакана аз гардиши савдои хориҷӣ дар чист?
48. Тавозуни савдои хориҷӣ чист?
49. Сиёсати савдои давлат чист?
50. Иқтисодиёти пинҳонӣ чист?
51. Мафҳуми минтақаи озоди иқтисодиро (МОИ) шарҳ дихед?
52. Мафҳуми Буҷети давлатиро шарҳ диҳед?
53. Моҳияти иқтисодии Буҷети давлатӣ дар иҷрои кадом вазифаҳо ифода меёбад?
54. Ба Буҷети давлатӣ кадом намуди даромадҳо ва андозҳо дохил карда мешаванд?
55. Сиёсати пулию қарзии давлатӣ чист?
56. Мафҳум ва моҳияти андоз ва андозситониро шарҳ дихед?
57. Низоми андозситонӣ аз кадом унсурҳои таркиб меёбад?
58. Мафҳуми донор дар лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ?
59. Фаъолияти сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи кадом Қонун ба танзим дароварда мешавад. 
60. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом соҳаҳо ҳамчун соҳаҳои афзалиятнок барои сармоягузорон муайян карда шудааст?
61. Саҳми кадом давлатҳо ҳамчун сармоягузор дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст?
62. Дар зери мафҳуми Кумаки расмӣ баҳри рушд (Официальная помощь развитию) чӣ дар назар дошта шудааст? 
63. Намудҳои кӯмаки расмӣ баҳри рушд кадомҳоянд ва он аз ҷониби кадом мақомот расонида мешаванд?
64. Кӯмаки беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом шакл расонида мешавад?
65. Кӯмаки қарзӣ  чист? 
66. Кӯмаки грантӣ чист?
67. Идоракунии лоиҳаҳо дар Чумҳурии Тоҷикистон чӣ тавр сурат мегирад?
68. Мақсади Стратегияи муштараки ҳамкории кишвар байни Ҳукумати Тоҷикистон ва донорҳо дар чи зоҳир меёбад?
69. Мониторинг ва баҳодиҳии барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии минтақа аз ҷониби кӣ сурат мегирад?
70. Барномаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо бо кадом мақсад таҳия мегарданд?
71. Мафҳуми иқтисодии Барномаҳои давлатиро шарҳ диҳед?
72. Дар кадом давра ва мӯҳлат Барнома татбиқ мегардад?
73. Маблағгузории Барнома аз кадом ҳисоб таъмин мегардад?
74. Мафҳуми ҳуқуқи моликиятро маънидод намоед?
75. Шаклҳои моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳо мебошанд?
76. Шаклҳои моликияти давлатӣ кадомҳо мебошанд?
77. Хусусигардонӣ чист?
78. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хусусигардонӣ кадомҳо мебошанд?
79. Субъектҳои хусусигардонӣ киҳо мебошанд?
80. Шаклҳо ва шартҳои хусусигардониро номбар намоед?
81. Ҷамъияти саҳомӣ чист?
82. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд чист?   
83. Муассиса чист?
84. Коғази қиматнок чӣ гуна ҳуҷҷат мебошад?
85. Ба намудҳои коғазҳои қиматнок чиҳо дохил мешаванд?
86. Идораи саҳмияҳои давлатиро кадом мақомот ба ӯҳда дорад?
87. Мафҳуми иҷозатномаро шарҳ диҳед?
88. Мафҳум ва моҳияти иқтисодии соҳибкориро шарҳ диҳед?
89. Мафҳуми дивидендро шарҳ диҳед?
90. Моратория чист?
91. Мафҳуми Бизнес-инкубаторро шарҳ диҳед? 
92. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадоме аз ин нишонаҳои зерин камбизоатиро муайян менамояд?
93. Сиёсати иҷтимоии давлат гуфта?
94. Сифади зиндагӣ кадом нишондиҳандаро дарбар мегирад?
95. Равияи намоёнтарини робитаи байналхалқии иқтисодӣ кадом аст?
96. Намудҳои асъор аз рӯи миқёси фаъолият?
97. Аввалин мактаби иқтисодӣ кадом мебошад?
98. Кадоме аз инҳо воҳиди пули ҷаҳониро ташкил медиҳад?
99. Кадоме аз ин категорияҳои иқтисодӣ яке аз қисматҳои асосии молияи давлатӣ ба ҳисоб меравад? 
100. Қарзи давлатӣ чист ?
101. Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон кай қабул гардид, аз чанд боб, модда иборат аст ва кай ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст?
102. Санадҳои меъёрии ҳуқуқи танзимкунандаи фаъолияти хизматчии давлатиро номбар кунед?
103. Шакли асосии фаъолияти Ҳукумат?
104. Кӣ аз номи тамоми халқи Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтанро дорад?
105. Дар Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар кадом асос ва принсип амалӣ мегардад?
106. Асоси иқтисодиёти ҷумҳуриро чӣ ташкил медиҳад ва мавқеи моликияти хусусӣ дар он?
107. Дар Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва раъйпурсӣ, аз синни чандсолагӣ муайян карда шудааст?  
108. Ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси кадом принсип дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон иштирок мекунанд? 
109. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд ҳизби сиёсӣ амал мекундад? 
110. Дар кадом ҳолат молу мулки шахс барои эҳтиёҷоти ҷамъият гирифта мешавад? 
111. Ҳокимияти иҷроияро дар маҳал ки амалӣ мегардонад? 
112. Мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузор дар ҷумҳурӣ кадом аст?  
113. Киҳо вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда метавонанд?
114. Киҳо узви Маҷлиси миллӣ интихоб шуда метавонанд?
115. Киҳо наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд? 
116. Раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди кӣ аз тарафи кадом мақомот интихоб мешаванд? 
117. Кадом қонунҳо танҳо аз тарафи Маҷлиси намояндагон мустақиман қабул мегарданд?
118. Ҳукумати ҷумҳурӣ аз киҳо иборат аст?
119. Ҳокимияти маҳаллӣ аз кадом мақомот иборат мебошад? 
120. Кадом мақомот ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро доранд? 
121. Асоси гунаҳкор ҳисобидани шахс дар содир намудани ҷиноят, чӣ гуна ҳуҷҷат аст ва онро кадом мақомот қабул мекунад? 
122. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно мекунад ё не?
123. Шохаҳои ҳокимиятро номбар кунед? 
124. Салоҳияти Маҷлиси миллӣ.
125. Салоҳияти Маҷлиси намояндагон. 
126. Рамзҳои давлатии Тоҷикистон кадомҳоянд?
127. Кадом намуди моликият моликияти истисноии давлат мебошад?           
128. Максади гузаронидани аттестатсия ?
129. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хизмати давлати» кай кабул карда шудааст?
130. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи хизмати давлати» аз чанд боб ва мода иборат аст?
131. Барои хизматчиёни давлатии маъмури чанд категория мукаррар карда шудааст?
132. Таксимоти хокимияти давлатиро номбар кунед?
133. Маънои парламент чист?
134. Аввалин маротиба парламент кай ва дар кучо таъсис ёфтааст?
135. Демократия чи маъно дорад?
136. Аввалин маротиба Конститутсия кай ва дар кадом давлат кабул карда шудааст?
137. Точикистон кай узви Созмони Умумичахонии Савдо шудааст ?
138. Вазифаҳои асосии корманд дар муносибатхои мехнатӣ  ? 
139. Кадом қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи муҳокимаи умумихалқӣ қабул карда шудааст?
140. Қонуни бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулгардида чист? 
141. Қонуни конститутсионӣ чист? 
142. Кодекс чист?
143. Қонун чист?
144. Санади меъёрии ҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом шакл бароварда мешавад?
145. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом шакл санади меъёри ҳуқуқӣ қабул менамояд ?
146. Ба Кодекс дар кадом шакли санади меъёрии ҳуқуқӣ тағйирот ворид карда мешавад ?
147. Кадом вазорату идораҳо ҷиҳати мувофиқаи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳатмист?
148. Моҳияти Конститутсияи ҶТ ва мавқеи он дар низоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст?
149. Таркиби санади меъёрии ҳуқуқӣ аз чӣ борат аст?
150. Дар кадом ҳолат ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандро маҳдуд кардан мумкин аст? 
151. Оё санади меъёрии ҳуқуқие, ки ҷавобгариро пурзур мекунад, қувваи бозгашт дорад?
152. Ки ҳуқуқи таъин кардани раъйпурсиро дорад?
153. Бо кадом санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳифз мегарданд? 
154. Ки ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок карданро надорад? 
155. Низоми мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадомҳоянд?
156. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби кӣ таъсис ва барҳам дода мешавад?
157. Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӣ ҳуқуқи таъсис ва барҳам доданро дорад?
158. Низоми хизмати давлатиро номбар кунед?
159. Одоби хизматчии давлатӣ бо кадом санад ба танзим дароварда мешавад?
160. Кадом маҳдудиятҳо вобаста ба хизмати давлатӣ муқаррар гардидааст?
161. Ба субекти ҳуқуқ эҷодкунанда киҳо дохил мешавад?
162. Самтҳои афзалиятнок барои рушди Тоҷикистон кадомҳоянд?
163. Мувофиқи кадом моддаи Қонститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ҳуқуқи дахлнопазири дорад ?
164. Дар кадом моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст,  ки манзили шахс дахлнопазир аст ва ба манзили шахс зуран даромадан ва касеро аз манхил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст ?
165. Дар кадом  моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳар як шахс ҳуқуқ дорад муносибатҳои худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд ?
166. Дар кадом моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳар як кас ба манзил ҳуқуқ дорад ?
167. Дар кадом моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки  шаҳрванд ҳуқуқи истироҳат карданро  дорад ?
168. Дар кадом моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст? 
169. Дар кадом моддаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе аст ?
170. Зери мафҳуми иттилоот чӣ фаҳмида мешавад?
171. Зери мафҳуми технологияи иттилоотӣ чӣ фаҳмида мешавад?
172. Ҳуҷҷати электронӣ чист ?
173. Иттилооти махфӣ  чист?
174. Мақоми ваколатдори давлатии сертификатсияи воситаҳои ҳифзи иттилоотро кадом ташкилот ба ӯҳда дорад?
175. Иттилоотонӣ  чист ?
176. Роутер чист ?
177. Зери мафҳуми ҳифзи иттилоот чӣ фаҳмида мешавад?
178. Веб - чист?
179. Браузер чист?
180. Сайт чист?
181. Шабакаи умуми ҷаҳонӣ (www, World Wide Web) чист?
182. Интернет чист?
183. Домени минтақаи «.tj » чист?
184. Кӣ вазифаи менеҷери домени  минтақаи «.tj »-ро ба ӯҳда дорад?
185. Домен чист?
186. Барномаҳои пакети  Microsoft Office – ро  номбар кунед?
187. Драйвер чист?
188. Антивирус  чист?
189. Дар Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зери мафҳуми ҳукумати электронӣ чӣ фаҳмида мешавад?
190. Оилаҳои системаи оператсионии Windows-ро номбар кунед?
191. Воситаҳои ҳифзи иттилоотро номбар кунед.
192. Элементҳои асосии ҳукумати электрониро номбар кунед.
193. Мақсади ниҳоии иттилоотонӣ ва рушди ҳукумати электронӣ?
194. Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кай ва аз тарафи кадом мақомот тасдиқ карда шудааст?
195. Ҳуҷҷат (файл) чист?
196. Равзана чист?
197. Калимаи Windows  чӣ маъно дорад?
198. Ҳуҷҷатҳои ман (мои документы) чист?
199. Барномаҳои стандартии Windows-ро номбар кунед.
200. Мансуб донистани  иттилоот ба гурӯҳи маълумоти махфии дорои сирри давлатӣ ва дастрасии шаҳрвандон ба онҳо  мутобиқи кадом қонун сурат мегирад? 
201. Шабакаи алоқаи барқӣ чист?
202. Хизматрасонии алоқаи барқӣ чист?
203. Панели масъалаҳо  (Панел задач)  чист?
204. Сабади мизи корӣ (Kорзина) чист?
205. Зери мафҳуми оператори шабакаи алоқаи барқӣ кӣ фаҳмида мешавад?
206. Зери мафҳуми провайдери хизмати алоқаи барқӣ кӣ фаҳмида мешавад?
207. Зери мафҳуми шабакаи алоқаи ҳукуматӣ чӣ фаҳмида мешавад?
208. Пакети майкрасофт офис чист?
209. Майкрасофт ворд чист?
210. Майкрасофт эксел чист?
211. Информатика чист?
212. Қисмҳои асосии компютерро номбар кунед.
213. Хотираи фаврӣ чист?
214. Платаи модарӣ ё ки системавӣ чист?
215. Протсессор чист?
216. Диски сахт (жёсткий диск) чист?
217. BIOS (basic input output system) чист?
218. Мизи корӣ компютерӣ  (рабочий стол)  чист?
219. Таъсисдиҳӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва сохтори ташкилии мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба назорат ва танзим дар соҳаи алоқаи барқӣ аз ҷониби кӣ муайян карда мешавад?
220. Хосиятҳои асосии  иттилоотро  номбар кунед.
221. Сканер чист?
222. Принтери шабакавӣ чист?
223. Хусусияти фарқкунандаи принтери лазерӣ?
224. Компютер асосан аз  чиҳо  иборат аст?
225. Истифодабарандаи компютер дар кадом масофа аз монитор бояд кор кунад?
226. Барои нусхабардорӣ ба буфери мубодила аз кадом тугмачаҳои клавиатура истифода бурдан зарур аст?
227. Барои ҷудо намудани ин ё он мавод (объекти папка) аз кадом тугмачаҳо истифода бурдан зарур аст?
228. Тугмачаи Win кадом функсияро иҷро менамояд?
229. Бо истифода аз чӣ ҳуруфоти клавиатураи компютерро тағйир додан мумкин аст?
230. Тугмачаи Tab кадом функсияро иҷро менамояд?
231. Тугмачаи Caps Lock  кадом функсияро иҷро менамояд?
232. Тугмачаи Фосила (space) кадом функсияро иҷро менамояд?
233. Тугмачаи Backspace  кадом функсияро иҷро менамояд?
234. Тугмачаи Home ва Endкадом функсияро иҷро менамоянд?
235. Тугмачаи Page Up ва Page Down кадом функсияро иҷро менамояд?
236. Мафҳуми  маърифат  чиро  ифода мекунад?
267. Калимаи  маориф аз кадом забон гирифта шудааст ва чиро мефаҳмонад?
268. Дар соҳаи маориф  кадом қонунҳо қабул  шудаанд?
269. Кадом стратегия дар соҳаи маориф қабул шудааст?
270. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд муассисаи таълимии томактабӣ фаъолият дорад?
271. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият дорад?
272. Шумораи мактаб-интернатҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон?
273. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фаъолият мекунад?
274. Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз кай таъсис дода шудааст?
275. Дар ҷумҳурӣ чӣ қадар муассисиҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ фаъолият мекунанд?
276. Мафҳуми илм чиро ифода мекунад?
277. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  кадом сол таъсис дода шудааст?
278. Мақоми ваколатдор оид ба риояи забони давлатӣ кадом аст?
279. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» кай қабул карда шудааст?
280. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  чанд  Маркази  ҷавонон  мавҷуд  аст?
281. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» кай қабул шудааст?
282. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд ширкати сайёҳӣ фаъолият мекунад?
283. Тоҷикистон кай аъзои комилҳуқуқӣ Созмони Умумиҷаҳонии Туристӣ шуд?
284. Оид ба илм кадом Қонун қабул гардидааст ?
285. Моддаи 13-и Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон чиро ифода мекунад?
286. Соҳаи истифодаи сарватҳои зерзаминиро кадом қонунҳо танзим мекунанд?
287. Стандарт чист?
288. Кадом намуди стандартхо мавчуданд?
289. Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” соли чанд ва дар натиҷаи таҷдиди кадом сохтор таъсис ёфтааст?
290. Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар фаъолияти худ ба кадом сохтори давлатӣ тобеъ мебошад?
291. Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти соҳаи хизматрасонии хоҷагии манзилию коммуналӣ кадом санади меъёрии ҳуқуқӣ ба тасвиб расидааст?
292. Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистонкай ба имзо расонида шуд?
293. Сохтмони иншоотҳо бо кадом меъёрҳо иҷро мегардад?
294. Лоиҳаҳои иншоотҳо чанд хел мешаванд?
295. Хати сурх чист?
296. Нақшаи генералӣ чист?
297. Мутобиқи кадом модддаи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи генералӣ  ва аз ҷониби кадом мақомотҳо таҳия ва тасдиқ менамояд?
298. Вазифаи комиссияи корӣ дар чӣ мебошад?
299. Комиссияи давлатии қабул ҷи корҳоро анҷом медиҳад?
300. Таҳти мавҳуми сохтмони асосӣ чиро мефаҳмед?
301. Иншоотҳои обтаъминкунӣ чанд хел мешаванд?
302. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» кай қабул шудааст ва кадом масъалаҳоро ба танзим медарорад? 
303. Захираҳо канданиҳои фоиданок, аз ҷумла нафту газ чанд категория мешаванд? 
304. Мақоми ваколатдорӣ давлатиро дар соҳаҳои нафту газ ва ангишт кӣ муайян менамояд? 
305. Барои кадом категорияҳои хизматчиёни давлатӣ майдони истиқоматии иловагӣ барои сохтани ҳуҷраи корӣ ҷудо карда мешавад ва чанд метрии мураббаъ?
306. Дар рафти сохтмони иншоот назорати техникӣ аз ҷониби ки бурда мешавад?
307. Қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика кадомҳоянд?
308. Ба воситаҳои асосӣ чӣ дохил мешавад?
309. Ҳаҷми умумии иқтидори захиравии гидроэнергетики дар кишвар чи қадарро ташкил медиҳад ?
310. Сохтори бучети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон?