Шаршара дар Душанбе
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
8 August 2019

Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба амалисозии “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2022

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2019, №270  “Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” 

                         ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба амалисозии “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2022” тасдиқ карда шавад.
2. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳо, воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҷиҳати иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷетӣ ва бо ҷалби сармоя ва маблағҳои грантӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе маблағҳои Нақша-чорабинии мазкурро ҳангоми таҳияи буҷети соли 2020 ва солҳои минбаъда дар буҷети шаҳри Душанбе пешбинӣ намояд.
4. Шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе то 1 декабри ҳар сол дар бораи ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2019-2022” ба Раиси шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намояд.
5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад. 

Рустами Эмомалӣ