Ҳайкали сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар боғи ба номи ӯ ҷойгир шудааст.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
30 August 2019

ш.Душанбе. 30.08.2019. Бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои созандагӣ барои солҳои 2019-2021 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардида, дар доираи он давоми се соли оянда бунёди 21 муассисаи таълимӣ бо 18594 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.

Дар баробари сохтмон, инчунин азнавсозии муассисаҳои таълимии мавҷуда низ ба роҳ монда шудааст, ки дар фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари таълиму тарбияи насли наврасу ҷавонон саҳми сазовор хоҳад гузошт. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 93-и ноҳияи Сино ҳам аз ҷумлаи ҳамин гуна иншооти таъмиршуда аст, ки инак дар пешорӯйи Рӯзи дониш мавриди баҳрабардории хонандагон қарор гирифт. 
Соли нави таҳсил барои муҳассилини Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 93-и ноҳияи Сино бештар аз ҳар соли дигар хурсандибахш аст.

Хонандагонро ин хушҳолӣ аз он аст, ки имсол туфайли таваҷҷуҳу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ даргоҳи таълимиашон пурра азнавсозӣ шуда, бо шароиту имконоти беҳтар мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани муассисаи таълимӣ, баъди таҷдиду навсозии куллӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино иштирок доштанд ва ин руйдоди муҳимро туҳфаи арзишманди Раиси шаҳри Душанбе ба кулли ҷомеаи омӯзгорону хонандагон арзёбӣ намуданд.

Дар навбати худ омӯзгорон ҳам бо арзи сипос ба роҳбарияти шаҳри Душанбе бобати таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф, изҳор доштанд, ки бо истифода аз имконоту шароити фароҳамгардида, таълиму тарбияи насли ҷавону ояндасозро ба сатҳу сифати нав хоҳанд расонид.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 93-и ноҳияи Сино соли 1987 сохта шуда, охирин маротиба соли 2000-ум таъмири ҷорӣ шуда буд.

Бо ба миён омадани зарурат дар таъмири куллии муассиса ва дар доираи дастгириҳои роҳбарияти шаҳри Душанбе корҳои таъмирӣ дар он моҳи майи соли 2018 оғоз гардид ва инак дар соли нави таҳсил он бо шароиту имконоти васеъи кору таҳсил мавриди истифода қарор гирифт.

Фармоишгари лоиҳаи таъмири асосии бино ва ободонии ҳудуди муассисаи таълимӣ Муассисаи давлатии Раёсати сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, он аз ҷониби ҶДММ «Неъматулло 2009» тарҳрезӣ гардидааст. Корҳои сохтмон ва васлу насб дар иншооти мазкур аз ҷониби ҶДММ «Ниёз» иҷро шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар раванди корҳои таъмирии муассиса 160 нафар мутахассисони маҳалли бо ҷойи кор таъмин буданд ва иншшоти соҳаи маориф пурра ба талаботи лоиҳавӣ мутобиқ гардонида шуд.

Бино ба иттилои масъулини ҶДММ "Ниёз" дар ҷараёни таъмиру азнавозии муассиса 14 миллиону 668 ҳазор сомонӣ сарф гардидааст.

Дар рафти корҳои таъмирӣ тамоми таҷҳизоту васоили таълимии он, аз ҷумла 50 адад компютер, лавҳаҳои электронӣ ва ҷиҳоз барои синфхонаҳои лингофонӣ  азнавсозӣ шуда, боми муасссиа низ пурра иваз гардид.  

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 93-и ноҳияи Сино дар масоҳати умумии 2,4 гектар ҷойгир аст ва он тибқи лоиҳа барои таълими 1960 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Феълан тибқи иттилои роҳбарияти муассиса инҷо 2505 нафар дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва ба онҳо 110 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд.

Муассиса 68 синфхонаи таълимӣ, бо шумули синфхонаҳои компютерию лингофонӣ ва лабараторияҳои химия, физикаву биология, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, китобхонаҳои бадеию таълимӣ, толорҳои варзишӣ барои бозиҳои баскетболу валейбол ва гӯшин бо асбобҳои зарурии обутоби бадан, маҷлисгоҳ бо 244 ҷойт, ошхона бо 258 ҷойи нишаст дорад.

Тамоми синфхонаҳои таълимӣ ва гирду атрофи муасссиса тавассути дастгоҳҳои наворбардории баландсифат мушоҳида мешавад ва ин имкон медиҳад, ки раванди таълим дар синфхонаҳо ҳам тавассути садо ва ҳам тариқи навор пурра назорат шавад.

Дар сурати зарурӣ волидайн ҳам метавонанд, ҷараёни дарсомӯзии фарзандони худро назорат баранд.

Дар рафти шиносоӣ аз корҳои анҷомшуда дар муассиса ба намояндагони МИҲД. ш. Душанбе иттилоъ доданд, ки дар ҷараёни навсозии муассиса аз маҳсулоти босифат истифода шудааст.

Инчунин гуфта шуд, ки тамоми мизу курсӣ ва ҷевони воридшуда ҳамагӣ аз коргоҳҳои истеҳсолии ватанӣ ҳастанд. Ёдовар мешавем, ки масъалаи истифодаи масолеҳи ватанӣ дар рафти бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ зери таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти шаҳри Душанбе қарор дорад.
Муассисаи таълимӣ бо сисемаи муттамаркази гармидиҳӣ пайваст аст. Дар муассиса барои барои ҳунаромӯзии хонандагон синфхонаҳои алоҳидаи омӯзиши касбу ҳунар барои писарону духтарон мавҷуд аст.  
Дар синфхонаҳои таълими меҳнат, бахусус баъди таҷдиду навсозӣ шароити хуби касбомӯзӣ фароҳам шудааст ва хонандагон аз он хушҳоланд, ки дар омӯзиши касбу ҳунар акнун ба мушкил мувоҷҷеҳ намешаванд. 
Дар муассисаи таълимӣ ҳамзамон ду майдончаи хурд ва як майдони калон барои бозиҳои футбол ва волейболу баскетбол мавҷуд аст, ки онҳо низ пурра таъмиру навсозӣ шудаанд.

Дар ин баробар ба корҳои ободонии ҳудуди муассиса низ таваҷҷуҳи зиёд равона шуда, чароғҳои равшанидиҳӣ насб гардиданд ва гулу дарахтони зиёди ороишӣ шинонида шуданд.

Пас аз шиносоӣ бо шароити муҳайёшуда дар иншоот, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо омӯзгорон суҳбат карда, онҳоро ба баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи хонандагон бо истифода аз шароиту имконоти фароҳамшуда даъъват карданд. Зеро чуноне гуфта шуд, ба дастгирию таваҷҷуҳи давлату ҳукумат танҳо метавон бо роҳи тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ ва донишу ахлоқи намунавӣ посух гуфт.