«Қасри миллат» - қасри нав дар маркази Душанбе. Дар ҳамин қаср мулоқотҳо байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарони давлатҳои хориҷа мегузарад.
Асосӣ / Хабарҳо
Бахшҳои сайт
Ҷустуҷӯ дар сайт
Хабарҳо
24 September 2019

ш.Душанбе. 24.09.2019.  Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахт даври шаҳрии фестивали «Таомҳои миллӣ» дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар   он ғолибони даври аввали озмуни 4 ноҳияи шаҳр дар сатҳи маҳалла, шаҳрак ва ноҳия иштирок намуда, беҳтарин анвои ғизо ва таомҳои миллиро пешкаши иштирокчиён ва тамошобинон намуданд.

Ҳадафи асосии баргузории озмуни таомҳои миллӣ аз эҳёи анъанаҳои миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини таомпазии ниёгон, тарғиби эҳтиром ба ғизо ва ҳунари таомпазӣ, намоиши пухтани навъҳои гуногуни таоми минтақаҳои кишвар, ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои сарфакорона ва моҳирона пухтани навъҳои гуногуни таоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтани таомҳои гуногуни миллӣ, ҳар чӣ бештар эҳё, тарғибу ташвиқ кардани намудҳои таом ва ғизоҳои миллӣ иборат мебошад. 

Бояд хотиррасон кард, ки теъдоди зиёди таомҳои миллии тоҷикон бо мурури замон аз ёди наслҳо рафта, имрӯз мавриди пухтупаз қарор намегиранд.

Миллати тоҷик яке аз қадимтарин мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ буда, дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ бо мероси бои фарҳангии моддӣ ва ғайримоддии худ мақоми шоиста касб намудааст. Бахусус  дар бахши омодасозии хӯрокҳои миллӣ бонувони  чирадасти тоҷик маҳорати баланди кадбонуӣ дошта,  хони идонаи ҷашнҳои миллии тоҷикон, бахусус Наврӯзи бостониро бидуни таомҳои гуногуни болаззати омоданамудаи занону духтарони тоҷик тасаввур  кардан ғайриимкон аст.

Таомҳои миллии тоҷикон таърихи куҳан дошта,   дар тӯли ҳазорсолаҳо  дар масири қарнҳо ташаккул ёфтаанд. Анъанаи ошпазӣ ё  ғизопазии миллатамон бо зарфиятҳои хоси худ, бахусус  аз лиҳози усули омода намудан, истифодаи навъҳои гуногуни  маҳсулот  дар ҷаҳон беназиранд.

Хӯрокҳои миллии тоҷикон бо гуногунии худ, ки навъҳои мухталиф –хамирӣ, гӯштӣ, ширӣ, сабзавотӣ ва ғайраро дар бар мегиранд, аз ҳамдигар тафовут доранд.

Ин аст, ки фарҳанги таомҳои миллиамон, ҷузъе аз анъанаи фарҳанги  меҳмоннавозии тоҷикон мебошад.

Санъати  омодасозии таомҳои миллӣ дар сарзамини Тоҷикистон ба шароити табиии мамлакатамон-мавқеи ҷуғрофӣ, кӯҳистон, иқлими субтропикӣ, континенталӣ ва континентиалии дохилӣ рабт дошта, ин омил боиси  паҳншавии навъҳои гуногуни таомҳо дар минтақаҳои мухталифи  ҷумҳурӣ гардидааст.  

Оши палов, шӯрбо, шавла, ширбиринҷ, ширкаду, ордбирён, тухмшӯрбо, пиёзпиёба, лӯбишӯрбо, дӯлмашӯрбо, баракшӯрбо, моҳишӯрбо, мошубиринҷ, мастоба, мастобаи қиммадор, угро, манту, тушбера, қурутоб, суманак, самбӯса, гӯштбирён, кабоб, мурғбирён, тухмбирён ва бисёр дигар номгӯи таомҳои миллии тоҷиконро метавон номбар намуд, ки пухтупази онҳо ҳамчун ҳунарҳои суннатии аҷдодӣ то ба имрӯз ба мерос мондаанд.

Бояд ёдовар шуд, ки соли 2016 дар ҷаласаи 11-уми байнидавлатии ЮНЕСКО оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ номинатсияи «Оши палав»-и тоҷикон дар қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонӣ сабти ном гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибоне, ки ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд, бо диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.